Бори аввал дар таърихи ҷудои тоҷик имсол қаҳрамонии ҷудои Тоҷикистон миёни бонувон баргузор гардид. Дар сабқатҳои қаҳрамонии ҷудои Тоҷикистон, ки 13-15-уми ноябр баргузор шуданд сабқатҳо миёни бонувон дар ду вазн -57 ва -70 кг сурат гирифт.
Дар вазни -57 Аҳлия Муъминова мақоми аввал, Шукрона Қарчиева мақоми дувум ва Ватансултону Шакаршоеваву Ҷаннатхон Қурбоналиева мақомҳои сеюмро соҳиб шуданд.
Медали тиллои вазни -70 бонувон насиби бонуи ҷудокори шинохтаи тоҷик Шоҳида Қаландарова шуд. Медали нуқраро Фазилат Гулбоева ва медалҳои биринҷиро Гулафзо Гуловаву Мавлуда Одинаева аз худ намуданд.
Федератсияи ҷудои Тоҷикистон мегӯяд, ҳарчанд дар Тоҷикистон аз шисоби бонувони ҷудокор ҷоизадорони мусобиқоти осиёиву ҷаҳонӣ дорем, вале бори нахуст буд, ки бонувон дар сабҳатҳои қаҳрамонии кишвар барои ба даст овардани унвони қаҳрамони ҷудои Тоҷикистон ширкат мекунанд.
Дар рақобатҳо миёни мардон қаҳрамонони 7 вазни мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Тоҷикистон дар соли 2020 маълум шуданд. Ин мусобиқот имсол дар толорҳои тозабунёди Қасри тенси ва маҷмааи обии Душанбе аз 13 то 15-уми ноябр доир шуданд.
Тибқи иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон имсол дар ин мусобиқот бештар аз 200 варзишгар аз тамоми манотиқи Тоҷикистон ширкат карданд. Вале ба делели ҳамагирии коронавируси COVID-19 сабқатҳо дар толор бидуни ҳузури мухлисон доир шуд, вале раванди тамоми мусобиқотро телевизиони “Варзиш” ва “Футбол” ба таври мустақим намоиш доданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Сиёсатмадор барои худ - на, барои миллат кор мекунад...” Нигоҳе ба 101-соли Низорамо Зарифова
Як ҳафта танаффус. Дастикам 30 нафар алайҳи чеҳраҳои боздоштшуда шаҳодат додаанд
Чӣ гуна чангу ғубор ба пиряхҳои Тоҷикистон таъсир мерасонанд?
Ҳайати ҳукумати “Толибон” дар Ӯзбекистон. Онҳо аз Самарқанду Бухоро дидан кардаанд
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Мусодираи беш аз 21 ҳазор маводи тарфгарӣ дар Суғд
Якбора 3 размикори тоҷик соли 2025-ро бо рақобатҳои нав оғоз мекунанд. Ҳарифонашон кистанд?
Боздошти як зан дар Зафаробод бо гумони қатли фарзанди “угаяш”
"Боим" дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шудааст. Ӯ кист?
Дар Шуғнон як мошин ба дарё чапа шудааст. КҲФ ҷасади ронандаро меҷӯяд
Ашёи муҳим барои саноати ҳарбӣ. Тоҷикистон дар истеҳсоли сурма метавонад пешсаф шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста