Бозингари ҷавони тоҷик, ҳамлагари мунтахаби миллӣ ва ҷавонони футболи Тоҷикистон Шаҳром Самиев дар ҳайати дастаи “Динамо-авто” дар чемпионати Молдова ба задани голи навбатӣ муваффақ шуд.
Дар чемпионати Молдова Самиев ҳамагӣ дар 7 бозӣ иштирок карда, ба задани 2 тӯб даст ёфт. Пас аз 20 давр дастаи Шаҳром Самиев бо касби 28 имтиёз дар зинаи 5-уми ҷадвал қарор дорад.

Ислом Зоировро дар “Химки” месанҷанд
Боз як бозингари мунтахаби миллӣ ва ҷавонони Тоҷикистон Ислом Зоиров дар тими “Химки”-и Премйер-лигаи Русия аз давраи санҷишӣ мегузарад. Нимҳимоятгари 18-сола то 16 декабр бо ин даста машқ карда, дар сурати аз санҷиш муваффақона гузаштан, бо ин даста қарордод ба имзо мерасонад.

Қобили зикр аст, ки айни замон сармураббии дастаи “Химки” дастпарвари футболи Тоҷикистон ва ҳимоятгари тими миллӣ Игор Черевченко мебошад. Пас аз анҷоми марҳилаи якуми мусобиқаи Премйер-лигаи Русия дастаи “Химки” зинаи 12-уми ҷадвалро ишғол мекунад.
Фатҳуллоев ба Ҳиндустон одат мекунад
Нимҳимоятгари 30-солаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон Фатҳулло Фатҳуллоев дар тими “Ченнайин”-и Суперлигаи Ҳиндустон бозӣ мекунад.

Қарордоди ӯ бо ғолиби дукаратаи Суперлигаи Ҳиндустон ба муҳлати 6 моҳ бо имкони дароз кардани он баста шудааст. Дар вохӯрии навбатии даста Фатҳулло дар дақиқаи 56-ум ба майдон баромада, дар чанде аз лаҳзаҳо маҳорату хуби бозӣ нишон дод.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.