Мутахассиси футболи тоҷик Нуъмонҷон Юсупов, ки қаблан дар дастаҳои “Истиқлол” ва “Хуҷанд” кор мекард, расман сармураббии дастаи “Олой”-и Ош, қаҳрамони чоркаратаи футболи Қирғизистон таъин шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, маросими муаррифии Нуъмонҷон Юсупов ба сифати сармураббии тими “Олой” рӯзи 5 январ дар шаҳри Ош баргузор шуд.

Мутахассиси тоҷик дастаро ба мавсими нави футбол дар мусобиқаи Чемпионати Қирғизистон ва Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2021, ки тими “Олой” ҳамчун барандаи Ҷоми футболи Қирғизистон имсол дар он ширкат меварзад, омода мекунад.

Нуъмонҷон Юсупов қаблан дастаҳои “Хуҷанд” ва “Истиқлол”-и Тоҷикистонро роҳбарӣ мекард. Соли 2016 ҳамроҳ бо дастаи “Истиқлол” ҷоизаҳои қаҳрамонии мавсимро ба даст оварда, соҳиби Ҷоми футболи Тоҷикистн шуд. Соли 2019 “Хуҷанд” таҳти сарварии Юсупов бори нахуст ба даври гурӯҳии Ҷоми КФО роҳхат гирифт.

Охирин ҷойи кори Нуъмонҷон Юсупов мактаби футболи “Спартак Юниор”-и шаҳри Пензаи Русия буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.