Бозии даври ҳафтуми марҳилаи дуюми мусобиқаи интихобии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2022 дар гурӯҳи «F» байни тимҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Муғулистон бо ҳузури мухлисон доир мегардад.

Тавре маркази матбуоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар мувофиқа бо Федератсияи байнулмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА), ин бозиро то 10 ҳазор нафар мухлис дар варзишгоҳ тамошо карда метавонанд.

Гуфта мешавад, вохӯрӣ байни тимҳои миллии футболи Тоҷикистону Муғулистон рӯзи панҷшанбе, 25 март соати 18:00 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе оғоз мегардад. Арзиши билет 20 сомонӣ муқаррар шудааст.

Омодагӣ ба бозии мусобиқаи интихобии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2022-ро футболбозони тоҷик 19 март дар Душанбе оғоз мекунанд.

Қобили зикр аст, ки аз моҳи апрели соли гузашта дар робита ба паҳншавии сирояти коронавирус, баргузории бозиҳои футбол бо ҳузури мухлисон манъ шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.