Мусобиқа аз 21 феврал то 14 март бо иштироки зиёда аз 70 нафар шоҳмотбоз доир гардид.
Дар мусобиқа байни мардон 51 нафар ширкат варзида, ғайриинтизор Ҷалолиддин Илҳомии 13-сола бо касби 7,5 имтиёз аз 9 холи имконпазир дар байни калонсолон ғолибият ба даст овард.
Бо касби ҳамин миқдор имтиёз Меҳриддин Шарифови 17-сола зинаи дуюми мусобиқаро миёни мардон ишғол намуд.
Медали биринҷии мусобиқа низ ба калонсолон насиб нагардида, ба он Шаҳром Салимови 19-сола соҳиб шуд.
“Ин гувоҳи он аст, ки дар Тоҷикистон насли бештар бақуваттари шоҳмотбозон ба воя мерасад”, - иброз дошт ноиби президети Федератсияи миллии шоҳмот, роҳбари Федератсияи шоҳмоти Душанбе Илҳом Юнусов.
Дар рақобатҳо байни занон 22 нафар ширкат варзида, Мутриба Ҳотамӣ бо касби 9 имтиёз аз 9 холи имконпазир бори навбатӣ ба пирӯзӣ ноил гардид.
Зиенаҳои дуюму сеюмро миёни занони шоҳмотбоз Сарвиноз Каримова ва Шукрона Масҳабова ишғол намуданд.
Ба гуфтаи Илҳом Юнусов, имсол чемпионати Душанбе оид ба шоҳмот бо истифода аз таҷрибаи шаҳрҳои бузург доир гардид, яъне бозиҳо рӯзҳои истироҳат сурат мегирифтанд ва аз ин рӯ, баргузории мусобиқа тӯл кашид.
“Ин бартарии худро дорад, - гуфт мутахассис. - Дар рӯзҳои маъмулӣ шоҳмотбозон ба корҳои муқаррарии худ машғуланд - касе таҳсилу дигаре кор мекунад. Аз ин рӯ, барои онҳоро аз таҳсилу кор канор намондан, тасмим гирифтем, ки бозиҳоро рӯзҳои шанбе ва якшанбе баргузор кунем. Озмоиш бобарор анҷом ёфт”.
Аз рӯйи натиҷаҳои мусобиқа 5 нафар беҳтарин шоҳмотбоз байни мардон ва 3 ҷоизадори мусобиқа миёни занон ба иштирок дар Чемпионати Тоҷикистон оид ба шоҳмот, ки тирамоҳи соли ҷорӣ доир мегардад, ҳуқуқ пайдо карданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.