Рӯзи 28 июл дар доираи Бозиҳои олимпии Токио-2020 мусобиқаи ҷудо дар вазни -90кг идома ёфт, ки дар он паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳ Устопириён қувваозмоӣ кард.
Тавре КМО ҷумҳурӣ хабар медиҳад, Комроншоҳ, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз намояндаи Фаронса Аксел Клерҷет шикаст хурд.
Гуфта мешавад, ҳамин тариқ, Комроншоҳ чорум варзишгари тоҷик мебошад, ки Бозиҳои олимпии Токиоро ҷамъбаст намуданд. Рӯзҳои қаблӣ Шаббос Негматуллоев дар намуди бокс, Сомон Маҳмадбеков ва Акмал Муродов дар намуди ҷудо иштирокашонро дар чорабинии сатҳи баланди варзишӣ анҷом доданд.
Намояндаи охирини Тоҷикистон дар мусобиқаи ҷудо Темур Раҳимов дар вазни +100кг рӯзи 30 июл бо варзишгари Куба Энди Гранде гӯштин мегирад.
Байни муштзанон ду намояндаи Тоҷикистон мусобиқаҳоро идома медиҳанд. Баҳодур Усмонов (вазни 63 кг) 31 июл бо варзишгари ӯзбек Элнур Абдураимов рақобат мекунад. Сиёвуш Зуҳуров (вазни зиёда аз 91 кг) рӯзи 29 июл бо намояндаи Фаронса Мурод Алиев қувваозмоӣ мекунад.
Мусобиқаҳои шиноварони тоҷик Анастасия Тюрина ва Олимҷон Эшонов (50 метр, тарзи озод) рӯзи 30 июл оғоз гардида, 31 июл Илдар Аҳмадиев дар мусобиқаи давидан ба масофаи 100 метр иштирок мекунад.
Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз рӯи 33 намуди варзиш (50 равияи варзишӣ) ҷараён дорад.
Дар ҷадвали ҳисоби медалҳо Ҷопон бо ба даст овардани 11 медали тилло, 4 нуқра, 5 биринҷӣ дар ҷои аввал аст. Штатҳои Муттаҳидаи Амрико бо 10 медали тилло, 10 нуқра ва 9 биринҷӣ дар ҷои дуюм мебошад. Чин бо 10 тилло, 5 нуқра, 8 биринҷӣ, КОР бо 7 тилло, 7 нуқра, 4 биринҷӣ, Австралия бо 6 тилло, 1 нуҷра, 9 биринҷӣ дар панҷгонаи аввал мавқеъ гирифтаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.