Паҳлавонони тоҷики маъруфи риштаи ҷудо Комроншоҳ Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов ва Темур Раҳмиов дар мусобиқоти Abu Dhabi Grand Slam 2021 ё "Тоскулоҳи бузург"-и Абузабӣ се медал ба даст оварданд. Комроншоҳ ба гирифтани медали нуқра ва Ҷаҳонгиру Темур медалҳои биринҷии ин мусобиқотро соҳиб шуданд.
Ин мусобиқот рӯзи 26-уми ноябр дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ оғоз шуданд, ки то 28-уми ноябр давом карданд. Дастаи Тоҷикистон бо ба даст овардани 1 нуқраву ду биринҷӣ дар миёни 41 кишвари дунё мақоми 12-уми ин мусобиқотро касб кард.
Комроншоҳ Устопириён дар вазни то 90 кило медали нуқра гирифт. Ӯ баъди се пирӯзӣ бар рақибонаш Ҷамол Петргрейв аз Бритониё, Ҷон Ҷейн аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Эрлан Шеров аз Қирғизистон ба финал баромад. Вале ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ аз варзишгари 21-солаи чечентабори Русия Мансур Лорсанов мағлуб шуд ва бо медали нуқра сарфароз гашт.
Ин нахустин медали Комроншоҳ аз мусобиқоти силсилаи ҷаҳонии “Grand Slam” аст, ки ба даст меорад.
Паҳлавони дигари тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов, ки медали биринҷӣ ба даст овард, дар даври аввал Моҳаб Элнаҳаси конодоиро шикаст дод. Аммо дар чорякфинал аз ҷоизадори Бозиҳои олимпии Токио-2020 Давлат Бобонови узбекистонӣ ноком шуд.
Ҷаҳонгир дар даври тасаллобахш Франсиско Балантаи колумбиягиро мағлуб кард ва баъдан барои медали биринҷӣ бар Эрлан Шерови қирғиз ғолиб омад. Ҷаҳонгир Маҷидов ҳам нахустин бор аз мусобиқоти “Grand Slam” медал ба даст овард.
Медали дуюми биринҷиро дар ин мусобиқа ба Тоҷикистон Темур Раҳимов овард. Ӯ дар вазни беш аз 100 кило ба рақобат аз даври дуюм пардохт ва Эмил Мэттссонро аз Шведсия мағлуб кард. Вале Темур дар даври чорякниҳоӣ қувваозмоиро ба Евгений Балевский аз Украина бохт. Сипас ӯ дар даври тасаллобахш бар варзишгари Финляндия Марти Пумалайнен дастболо шуд. Паҳлавони тоҷик барои медали биринҷӣ Валерий Ендовитскийро аз Русия шикаст дод.
Дарвоқеъ, ин дуюмин медали Темур Раҳимов дар мусобиқоти силсилаи ҷаҳонии “Grand Slam” ҳисоб мешавад. Қаблан ӯ дар “Baku Grand Slam 2021” медали нуқра гирифта буд.
Дастаи Тоҷикистон дар ин мусобиқот иборат аз 10 варзишгар буд, ки ҳамагӣ дар сабқати мардон ширкат карданд: Шаҳбоз Саидаброров (дар вазни то 60 кг), Алиҷон Сафаралиев, Баҳром Сӯфиев (ҳарду дар вазни -66 кг), Муҳаммадраҳим Сарахонов, Сомон Маҳмадбеков (ҳарду дар вазни -73 кг), Ҳақназар Назаров, Хушвақт Идиев (ҳарду дар вазни -81 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов, Комроншоҳ Устопириён (ҳарду дар вазни -90 кг), Темур Раҳимов (+100 кг).
Аз миёни аъзои дигари тими Тоҷикистон, нишондоди беҳтар аз варзишгари маъруф Сомон Маҳмадбеков аст, ки дар вазни то 73 кг ҷойи панҷумро соҳиб шуд.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа аз ҷониби Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз шуданд. Барои ҷойи якум 5000 доллари ИМА, барои ҷойи дуюм – 3000 доллар ва барои ҷойҳои сеюм 1500-долларӣ тақдим гардид.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Иттиҳоми нав дар парвандаи чеҳраҳои шинохта. Абдулфайз Атоӣ ба қаллобӣ ҳам муттаҳам шудааст
Кадом варзишгарони тоҷик дар рӯйхати футболбозони гаронарзиши Осиёи Марказӣ ҳастанд?
Чин шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон мешавад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Фармондеҳи ҷавон"
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи обуҳаво барои 11 декабри соли 2024
Акнун соҳибони скутерҳо ҳам бояд рақами давлатӣ ва шаҳодатномаи бақайдгирӣ гиранд
“Пас аз мову ту ҳам олам чуноне буд, мемонад...” Ёде аз Ҳофизи халқии Тоҷикистон Ҳусейн Насриддинов
Меъёрҳои ҷойгиркуниии маълумот дар бораи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия тасдиқ шуд
Тоҷикистон бо манзараҳои беҳтарини табиӣ дар Осиё соҳиби ҷоиза гардид
“Ташнаи коргар”: Дар Русия эҳтиёҷ ба қувваи корӣ зиёд мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста