Дар Олимпидаи ҷаҳонии шоҳмот, ки дар шаҳри Ченнаии Ҳиндустон ҷараён дорад, мунтахаби занони Тоҷикистон ба пирӯзии дуюм ноил гардид.

Занони шоҳмотбози тоҷик Надежда Антонова, Сабрина Абророва, Рухшона Саидова ва Мутриба Ҳотамӣ ҳарифони худро шикаст дода, ба ғалаба бар дастаи Барбадос бо ҳисоби 4:0 дастёб шуданд.

Қобили зикр аст, ки дар радабандӣ (рейтинг)-и умумии ҷаҳонӣ дастаи Барбадос дар муқоиса бо Тоҷикистон дар зинаи поинтар қарор дорад.

1/4

Акнун мунтахаби занони Тоҷикистон аз 4 холи имконазир 2 имтиёз ба даст овард. Даста дар ду даври аввал бо ҳисоби якхелаи 0:4 аз занони шоҳмотбози Ҳиндустон ва Қирғизистон шикаст хӯрда, сипас дастаҳои Арабистони Саудӣ ва Барбадосро мағлуб кард.

Ҳарифи навбатии занони шоҳмотбози тоҷик дар Олимпидаи ҷаҳонӣ дастаи Ирландия мебошад.

Мунтахаби шоҳмоти мардони Тоҷикистон пас аз ду ғалабаи пайиҳам дар даврҳои аввал бори дуюм аз Белгия бо ҳисоби 0,5:2,5 ба шикаст дучор шуд.

Мунтахаби мардони Тоҷикистон низ аз 4 холи имконпазир 2 имтиёз ба даст оварда, дар даври навбатӣ бо тими Суринам қувваозмоӣ мекунад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.