Шоми 9-уми август дар Варзишгоҳи шаҳри Қунияи Туркия маросими ифтитоҳи 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ баргузор шуд.
Тавре ки Кумитаи миллии олимпии ҷумшурӣ хабар медиҳад, дар бозиҳо 4200 варзишгар аз 56 кишвари ҷаҳон ширкат мекунанд. Аз ҷумла ҳайати олимпии Тоҷикистон иборат аз 65 нафар (48 варзишгар) ба Қуния сафарбар гардиданд.
Ҳайати дастаи Тоҷикистон дар ин Бозиҳо:
Варзиши сабук: Илдар Аҳмадиев (давидан ба масофаи 100 м ва паридан ба дарозӣ), Фаворис Музрапов (давидан ба масофаи 100 ва 200 м), Александр Пронженко (давидан ба масофаи 200 ва 400м), Леонид Пронженко (давидан ба масофаи 110 м ва 400м бо монеъаҳо), Салим Саидалиев (ҷаҳиши сегона) ва ҷаҳиш ба баландӣ).
Таэквандо WT: Муниса Ойматова (-53 кг), Маҳмадҷон Суннатов (-63 кг), Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов (-74 кг).
Каратэ: Санобар Сатторова (-50 кг), Муҳаммад Тешаев (-60 кг), Асадбек Фаттоев (-75 кг), Фаррухҷон Раҳимов (-84 кг), Тимур Доменко (+84 кг).
Ҷудо: Аҳлия Муминова (-52 кг), Шоҳида Қаландарова (-57 кг), Мавлуда Одинаева (-70 кг), Шаҳбоз Саидаброров (-66 кг), Муҳаммадраҳим Сарахонов (-73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Шодмон Ризоев (-81 кг), Комроншоҳ Устопириён (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг), Абӯбакри Акобир (-100 кг).
Вазнбардорӣ: Илҳомҷон Шукуров (81 кг).
Тенниси рӯи миз: Убайдулло Султонов, Афзал Маҳмудов, Ҷамшед Исмоилов, Иброҳим Исмоилзода, Некрӯз Одинаев, Иноятулло Раҳмонзода, Динора Исмоилова.
Ҷуфт - тенниси рӯи миз: Екатерина Ишенко
Гӯштин: Тарзи озод - Ватансултон Шакаршоева (-53 кг), Ҳикматулло Воҳидов (-57 кг), Муҳаммад Икромов (-61 кг), Ҷамшед Шарифов (-70 кг), Ғуломҷон Шарипов (-74 кг), Сомон Икромов (-79 кг), Раҳмон Маҳмадбеков (-97 кг).
Гӯштини юнониву румӣ: Аслам Азизов (-55 кг), Фирӯз Мирзораҷабов (-63 кг), Шероз Очилов (-72 кг), Суҳроб Абдулхаев (-82 кг), Бахтовар Ҳасанов (-87 кг), Мирзоамин Сафаров (-97кг).
Камонварӣ: Роберт Нам, Дилноза Аҳмадова, Фирӯза Зубайдова
Ҳайати Тоҷикистонро Дабири кулли КМО ҶТ Муҳаммадшо Абдуллозода, мудирони раёсатҳои Кумита Улуғбек Салимбекзода ва Бахтиёр Собирзода роҳбарӣ мекунанд.
Дар Бозиҳо инчунин мусоибиқаи паралимпичиён аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш гузаронида мешаванд.
Гуфта мешавад, дар маросими ифтитоҳи 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ Президенти Туркия Раҷаб Тайип Эрдуғон, Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, сарвазири Албания Эди Рама, сарвазири Алҷазоир Эймен ибни Абдураҳмон, сарвазири Фаластин Муҳаммад Штийе ширкат карданд.
Маросими ифтитоҳи бозиҳо, ки бо қироати “Қуръон”-и карим оғоз шуд, бо барафрохтани парчами Туркия идома ёфт. Сипас, гузашти ҳайатҳои 56 кишвари ҷаҳон бо парчамҳои худ доир гашт.
Қобили зикр аст, ки 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ аз ҷониби Федератсияи байналмилалии варзишии ҳамбастагии исломӣ соли 2021 ба нақша гирифта шуда буд, вале бинобар сабаби пандемия ба муддати як сол мавқуф гузошта шуд.
Дар маросими ифтитоҳи 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ вазири ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Туркия Меҳмет Муҳаррам Касапоғлу, дабири кулли Созмони ҳамкориҳои исломӣ Ҳусейн Иброҳим Таҳа, раиси Федератсияи варзишии ҳамбастагии исломӣ, шоҳзода Абдулазиз Туркӣ Ал-Файсал Ал-Сауд суханронӣ карданд.
Баъдан президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломиро ифтитоҳ намуда, ба ҳамаи иштирокчиён муваффақият хост.
Чӣ тавр дар Тоҷикистон банан, папайя ва ананас парвариш мекунанд?
Далер Назаров ва асарҳои офаридаи ӯ дар синамо
Чӣ тавр Telegram-каналҳои русгаро барои хатарнок нишон додани муҳоҷирон маълумотро таҳриф мекунанд
Озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” ҷамъбаст шуд. Киҳо ғолиб гардиданд?
Ярмаркаи фурӯши ангишт дар Суғд. Он чанд рӯз идома мекунад ва нархи ангишт чанд аст?
Таваққуфгоҳҳои пулакӣ дар Душанбе чӣ гуна кор мекунанд ва чӣ тавр осон метавон пардохт кард?
“Гавҳари ашк”-и Озарахш ва “Сетор”-и Фарзона чоп шуд
Дар Душанбе се нафар худро устои таъмири хона муаррифӣ намуда, ба ғоратгарӣ даст заданд
Омӯзиши забони кореягӣ ва касб барои кор дар Корея. Ба куҷо метавон муроҷиат кард?
Президенти пешини Русия гуфт, қабули кӯдакони муҳоҷироне, ки забони русиро намедонанд, ба мактаб қатъ карда шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста