Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини ҷудо Jerusalem Masters 2022, ки 20-22 декабр доир мешавад, се варзишгари маъруф — Нуралӣ Эмомалӣ (то 66 кг), Комроншоҳ Устопириён (то 90 кг) ва Темур Раҳимов дар вазни +100 кг намояндагӣ мекунанд. Дар ин бора АМИТ "Ховар" хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки мусобиқаи мазкур имсол бо иштироки 314 варзишгар аз 55 кишвари ҷаҳон баргузор мешавад.
“Иштирокчиёни мусобиқа на танҳо барои медалу ҷоизаҳои пулӣ, балки барои дарёфти холҳои арзишманд ҷиҳати дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи соли 2024 дар Париж мубориза мебаранд”, - менависад ин расона.
Гуфтан ба маврид аст, ки мусобиқаи байналмилалии Masters пас аз Бозиҳои олимпӣ ва чемпионати ҷаҳон бузургтарин ва муҳимтарин мусобиқа маҳсуб мешавад. Гирифтани медали тилло дар мусобиқаи Masters ба варзишгар 1800 имтиёз, медали нуқра — 1260 имтиёз ва медали биринҷӣ — 900 имтиёз медиҳад. Барои муқоиса, дар мусобиқаи «Grand Slam», ки чанд соли ахир дар Тел-Авив баргузор шуд, ба даст овардани медали тилло ҳамагӣ 1000 имтиёз арзиш дорад.
Ёдовар мешавем, ки дар мавсими гузашта аз Тоҷикистон 3 варзишгар ба World Judo Masters дар Давҳа рафта буданд. Миёни онҳо натиҷаи беҳтаринро Темур Раҳимов нишон дод, ки дар вазни беш аз 100 кг мақоми панҷумро гирифт. Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯз Хоҷазода- ҳарду дар вазни то 73 кило дар марҳилаи аввал шикаст хӯрданд.
Қабули санадҳо барои таҳсил дар хориҷа оғоз шуд. Кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст?
Дар Душанбе як ноболиғи 17- сола падарандарашро куштааст
Ҳунарманде, ки бо ифтихор бори театру синаморо мекашад
50 ба 50. Телефон барои санҷиши номи муҳоҷирон дар “рӯйхати сиёҳ” чӣ хел кор мекунад?
Таҳқиқот: Беш аз 58% кӯдакони муҳоҷирон дар Русия забони русиро хуб медонанд
Намояндаи “Барқи тоҷик” гуфтааст, аз маҳдудияту интиқоли барқ ҳангома насозед ва онро сарфа кунед
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Маҷнун ба як сӯ, шутур ба сӯи дигар”
Мавқеи мунтахаби Тоҷикистон дар радабандии ФИФА беҳтар шуд
Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СААД Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтоҳои худ чӣ гуфт?
“Поям дард мекунад”. Дар Хуҷанд қариб 50% автобусҳо аз ҳаракат бозмондаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста