Нимҳимоятгари мунтахаби футболи Тоҷикистон Хусрав Тоирови 18-сола аз дастаи “Атирау”-и Қазоқистон ба тими “Шахтёр”-и Донетск (Украина) гузашт. Қарордоди ин даста бо бозингар то соли 2028 пешбинӣ шудааст. Дар ин бора сомонаи расмии ДФ “Шахтёр” хабар медиҳад.
Хусрав Тоиров дастпарвари тими “Локомотив-Помир”-и Душанбе буда, дар ҳайати асосии ин даста бори аввал дар синни 15-солагӣ моҳи апрели соли 2022 ба майдон баромад. Моҳи августи соли 2022 бо дастаи Лигаи олии Қазоқистон - “Атирау” қарордод баста, дар мавсими 2022/23 дар 11 бозӣ иштирок ва 2 партофти головар кардааст.
Тоиров бозингари мунтахаби ҷавонон (U20) буда, моҳи сентябри соли 2022 бори аввал дар ҳайати ин даста ҳунарнамоӣ кард ва то имрӯз дар ин даста 5 бозӣ гузаронидааст.
Хусрав Тоиров 1 августи соли 2004 дар Данғара ба дунё омадааст.
Дастаи нави Хусрав Тоиров - “Шахтёр” қаҳрамони чандинкарати Украина, ғолиби мусобиқаи Лигаи Аврупо мебошад. Имсол “Шахтёр” бозиҳояшро дар даври 1\8 финалии Лигаи Аврупо идома дода, рӯзи 9 март бо тими “Фейенорд”-и Голландия рақобат мекунад. Дар мусобиқаи чемпионати Украина даста баъди 14 давр бо касби 33 имтиёз зинаи дуюмро ишғол мекунад. Дар натиҷаи ҷанг “Шахтёр” ба Киев кӯчид.
Дар мусоҳиба ба портали украинии Ua-football.com футболбози тоҷик изҳор доштааст, ки аз ҷанг дар Украина ҳарос надорад.
“Ин вариантро рад карда наметавонистам. Агар тақдир ҳамин бошад, пас бигзор ҳамин хел бошад. Худо хоҳад, ба наздикӣ ҳамааш хуб мешавад", - гуфтааст ӯ.
Барои пазироии самимӣ ӯ ба даста изҳори миннатдорӣ намуда, дар бораи чӣ гуна ба ин ҷо омаданаш гуфтааст:
“Вақте гуфтанд, ки чунин як дастаи бузург ба ман таваҷҷӯҳ дорад, ин ғайричашмдошт, вале хеле хубу гуворо буд. Дарҳол ба волидонам занг задам: ҳама хурсанд шуданд — оила, бародарону хоҳарон. Ин як эҳсоси аҷиб аст. То ҳол бовар карда наметавонам!”, - ҳикоят кардааст Хусрав.
Портали Transfermarkt-и Олмон нархи бозингарро ҳамагӣ 150 ҳазор евро арзёбӣ намуда, лекин бо гузаштан ба дастаи бештар касбӣ, ӯ имкон пайдо мекунад, ки арзиши худро дар бозори футболи Аврупо боло бардорад.