Лоиқ Раҷабов, размикори маъруфи тоҷик, ки дар набарди аввалаш дар UFC (Ultimate Fighting Championship) пирӯз шуд, ҳамчунин дар доираи мусобиқоти ин ташкилоти варзишӣ рекорд гузоштааст: Ӯ 11 партоби муваффақ (тейкдаун) анҷом додааст. Дар ин бора ташкилоти UFC дар “Twitter” хабар додааст.
Манбаъ навиштааст, ки “Лоиқ Раҷабов имрӯз, 11 партоби муваффақ анҷом дод, ки дар миёни сабуквазнҳо рекорд дониста мешавад”.
Гуфта мешавад, ки то ин дам ягон варзишгар дар вазни сабук дар аввалин рақобаташ 11 партоби муваффақ анҷом надода буд.
Бояд гуфт, ки Лоиқ Раҷабов дар набарди аввалинаш дар “UFC 285” бар Эстебан Рибовичи аргентинӣ пирӯз шуд. Муҳориба шаби 4 ба 5 март дар Лас Вегас дар доираи мусобиқаи UFC 285 дар толори «T Mobile» сурат гирифт.
Варзишгари аргентинӣ то ин дам 11 рақобат гузаронда дар ҳамаи онҳо ғолиб шуда буд. Лоиқ Раҷабов дар корномаи варзишиаш 17 ғалаба ва 4 бохт дорад.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 26-уми феврал размикори дигари тоҷик Нурулло Алиев низ дар набарди аввалинаш дар UFC бар Рафаэл Алвеси бразилӣ пирӯз шуда буд.
Мусобиқа дар шаҳри Лас-Вегаси иёлати Невадаи ИМА баргузор гардида буд.
Рақиби Алиеви 22-сола Рафаэл Алвеси 32-солаи бразилӣ дар UFC (Ultimate Fighting Championship) рақобати чаҳоруми худро доир кард. Ӯ дар як набард пирӯз шуда, дар сетоаш мағлуб гаштааст. Дар маҷмӯъ, Алвес дар MMA 20 ғалаба ва 12 бохт дорад.





Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ишқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
“Таҷҳизоти техникӣ корношоям мешаванд”. Чаро шиддати барқ паст аст ва ба куҷо метавон муроҷиат кард?
“РИА Новости”: Танҳо 4 зодаи Тоҷикистон дар соли 2025 шаҳрвандии Русияро гирифтаанд
“Эълону таблиғ, лавҳаю овеза... аввал бо забони тоҷикӣ, баъд бо забони дигар!”. Вакилони парлумон ба қонуни забон тағйирот ворид карданд
Дарёфти ҷасади сарбози тоҷик пас аз 84 сол. Ӯ дар ҶБВ кушта шуда буд
Мақомот аз боздошти як гурӯҳи ҷиноӣ хабар доданд, ки ба даст задани 11 ҷиноят, аз ҷумла одамкӯшӣ ва роҳзанӣ гумонбаранд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста