Нурулло Алиев, размикори тоҷик дар муҳорибаҳои омехта (ММА), аввалин рақобати худро дар мусобиқоти “UFC Vegas 70” бо пирӯзӣ бар Рафаэл Алвеси бразилиягӣ анҷом дод.
Мусобиқаи мазкур шаби 26-уми феврал дар шаҳри Лас-Вегаси иёлати Невадаи ИМА баргузор гардид.
Рақиби Алиеви 22-сола Рафаэл Алвеси 32-солаи бразилӣ дар UFC (Ultimate Fighting Championship) рақобати чаҳоруми худро доир кард. Ӯ дар як набард пирӯз шуда, дар сетоаш мағлуб гаштааст. Дар маҷмӯъ, Алвес дар MMA 20 ғалаба ва 12 бохт дорад.
Рақобат пурра зери назорати Нурулло Алиев ҷараён гирифт. Ҳарчанд дар раунди аввал Алвес ба довар шикоят кард, ки Алиев ангушташро газидааст, аммо Нурулло новобаста ба кам кардани як имтиёз, дилпурона мубориза бурд.
Нурулло Алиев ҳам аз лиҳози ҷисмонӣ пурқувват буду ҳам аз ҷиҳати маҳорат. Ҳамин тавр, муҳориба бо бартарии Нурулло ҷараён гирифт ва дар ниҳоят ӯ бо тасмими доварон ғалаба кард (29-27, 29-27, 28-28).

Ёдовар мешавем, Нурулло Алиев моҳи сентябри соли гузашта дар Лас-Вегас дар муҳорибаҳои омехта, дар доираи мусобиқаи интихобии Dana White's Contender Series барои бастани шартнома бо UFC ба рақиби амрикоиаш Ҷош Уик бо нокаути фаннӣ дар сонияҳои охирини раунди аввал ғолиб шуд. Қаблан размикори тоҷик дар мусобиқоти GFC и AMC Fight Nights иштирок мекард.
Нурулло Алиев аввалин варзишгар аз Тоҷикистон аст, ки ба созмони UFC (“Қаҳрамонии мутлақ оид ба якҳарба”) дохил шуд ва то ҳоло шикастнопазир мебошад. Ӯ дар ҳамаи 9 қувваозмоиаш дастболо шуда, дутоашро бо нокаут анҷом додааст.
Нурулло Алиев устоди варзиши Тоҷикистон дар намудҳои гуштии озод ва самбои размӣ, инчунин устоди дараҷаи байналмилалӣ оид ба панкратион мебошад.
Моҳи бахшиши гуноҳҳо. Далелҳои ҷолиб дар бораи моҳи шарифи Рамазон
Шаби 26 - 27-уми март “Шаби қадр” аст
Садҳо овозхону ҳунарпеша аз Ӯзбекистону Қирғизистон дар ҷашни асосии Наврӯзи Тоҷикистон ширкат мекунанд
Таъсиси “Фонди тақсими фоида” аз фурӯши нерӯи барқи “Роғун”
Мақомоти Тоҷикистон бори дигар аз муҳоҷирон хостанд, ҳузурашон дар Русияро қонунӣ гардонанд ва пеш аз сафар аз санҷиш гузаранд
Кӯдакони муҳоҷирони тоҷик чӣ гуна ба мактабҳои Русия қабул карда мешаванд?
Амрико 10 миллион доллар ҷоиза барои боздошти Сироҷиддин Ҳаққониро бекор кард
Қирғизистон Шартномаи марз бо Тоҷикистон ва созишномаҳо дар бораи роҳ ва чорроҳаҳоро ба тасвиб расонид
Ҷоми Осиё-2027. Тоҷикистон марҳилаи интихобиро бо пирӯзӣ оғоз кард
Барои афзоиши истеҳсоли гӯшту тухм ва асалу моҳӣ 133 млн сомонӣ ҷудо мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста