Имрӯз, 2-юми июн, мусобиқаи Гран-прии Душанбе – 2023, ки дар доираи Сайри ҷаҳонии ҷудо баргузор мешавад, оғоз мегардад.
Таври АМИТ "Ховар" хабар медиҳад, дар рӯзи аввали мусобиқа 12 варзишгари тоҷик дар вазнҳои то 60 ва 66 кг миёни мардон ва дар вазнҳои то 48 кг, 52 кг ва 57 кг миёни занон қувваозмоӣ менамоянд.
Мардон
То 60 кг:
— Меҳрзод Суфиев — Йолк Казирбек (Муғулистон)
— Ҳақдод Гулов — Юнес Саддики (Марокаш)
— Муҳаммад Маҳмадизода — Максим Мейрлан (Фаронса)
То 66 кг:
— Эмомалии Нуралӣ дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Даниэл Капелюшник (Исроил) ва Сунгат Жубаткан (Қазоқистон) рақобат менамояд.
— Обид Ҷебов — Исмоил Мисиров (варзишгари фардии бетараф)
— Шаҳбоз Саидаброров — Ҷаслин Сингҳ Сайни (Ҳиндустон)
— Фирӯз Мелибойзода — Бобур Ваҷиев (Ӯзбекистон)
Занон
То 48 кг:
— Шукрона Карчиева — Вонг Ка Ли (Ҳонконг)
— Мадина Қурбонзода — Асмита Дэй (Ҳиндустон)
То 52 кг:
– Аҳлия Мӯъминова – Йингвей Лю (Чин)
То 57 кг:
— Шоҳида Қаландарова — Батсух Алтантсетсег (АМА)
— Фазилат Гулбоева — Ксения Галитская (варзишгари фардии бетараф)

Мусобиқот дар "Қасри теннис"-и пойтахт баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ин мусобиқа аз 2 то 4-уми июн идома меёбад ва дар он беш аз 300 ҷудокор аз зиёда аз 40 давлати дунё иштирок мекунанд.
Тоҷикистонро ба унвони мизбони Гран-прии Душанбе-2023 34 варзишгар - 28 мард ва 6 зан - муаррифӣ менамояд.
Фонди ҷоизавии мусобиқа 100 ҳазор евроро ташкил медиҳад:
- Ҷойи 1-ум – 3000 евро (варзишгар 2400 ва мураббӣ 600);
- Ҷойи 2-юм – 2000 евро (варзишгар 1600 ва мураббӣ 400);
- Ҷойи 3-юм (2 варзишгар) – 1000 евро (варзишгарон 800 ва мураббиён 200).
Ба ғайр аз ин Гран-прии Душанбе-2023 мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 буда, ба рейтинги варзишгарон хол илова мекунад.





Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Ҷасади Таҳминаи 21-соларо баъди як моҳи бедаракшавӣ дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карданд
"Moody’s" мавқеи соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро як зина беҳтар арзёбӣ кардааст
Бордорконии "ЭКО" дар Ислом – иҷоза аст ё мамнӯъ? Муфтии Тоҷикистон посух дод
Қариб 290 шаҳрванди Тоҷикистон то шоми 6-уми март аз Эрон берун шудаанд
“Беморон ранҷ кашиданд”. Нақли тоҷиконе, ки дар авҷи ҷанг аз Эрон ба Тоҷикистон баргаштанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 марти соли 2026
Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста