Ба ҳолати 5 июни соли 2023 17 нафар варзишгарони тоҷик ба садгонаи беҳтарин ҷудокорони ҷаҳон шомил шуданд. Аввали сол теъдоди онҳо 10 нафар буд.
Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) радабандӣ (рейтинг)-и ҷаҳонии ҷудокоронро нав карда, дар садгонаи авввали он 17 намояндаи Тоҷикистон дохил шуданд. Ду нафари онҳо дар мусобиқаҳо байни занон.
Тағйироти ахир дар радабандӣ пас аз мусобиқаи Гран-прии Душанбе сурат гирифтанд, ки дар он ҷудокорони тоҷик ба дарёфти 3 медали тилло, 3 медали биринҷӣ ва 1 медали нуқра ноил гардиданд. Баъди ин мавқеи чанде аз ҷудокорони тоҷик дар радабандии ҷаҳонӣ беҳтар шуд.
Мадина Қурбонзода ба гузоштани рекорд даст ёфт. Ӯ бар қаҳрамони 30-солаи Африқо дастболо шуд. Бо вуҷуди таҷриба надоштан дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, дар вазни то 48 кг ӯ зинаи 7-умро ишғол кард.
Дар натиҷа ӯ шумори рекордии 182 хол дар радабандӣ гирифта, бори нахуст ба рӯйхати топи IJF дохил шуд. Ӯ ҳоло зинаи 92-юмро ишғол намуда, пас аз ин муваффақият умедвор аст, ки дар Чемпионати ҷаҳон миёни наврасон, ки моҳи август дар Загреб (Хорватия) баргузор мешавад, иштирок кунад.
Дар мусоҳиба ба сомонаи расмии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Мадина изҳор доштааст, ки дар мусобиқаҳои гуштини Осиёи Марказӣ ду автомашина ва як асп бурд кардааст.
“Ман одатан бо писарон рақобат мекунам ва аксар вақт ғолиб омадаам. Ман аввалин мошинро дар як мусобиқа дар Ӯзбекистон бо зӯрозмоӣ бо писарон ба даст овардам ва онро ба падарам туҳфа кардам”, - гуфтааст Мадина.
Ба гуфтаи вай, падараш ҳавасмандии воқеии ӯро ба ҷудо дида, иҷозат додааст, ки ба ин навъи варзиш машғул шавад.
“Модарам дар аввал зид буд, вале оҳиста-оҳиста розӣ шуд. Бародарам низ дар Душанбе тамрин мекард, - иброз доштааст Мадина. - Ман дар Восеъ ба воя расида, оилаамон дар ҳамон ҷо иқомат дорад. Ҳозир ман дар Душанбе зиндагӣ мекунам. Бо писарони қавӣ машқ мекунам, ки ман ҳам тавонам қавӣ шавам”.
Дар вазни то 60 кг Меҳрзод Сӯфиев низ ҷаҳиши рекордӣ анҷом дода, дар радабандӣ 249 мавқеъ боло рафт.
Шакармамад Мирмамадов (+133), Обид Ҷебов (+66) ва Муҳаммадсолеҳ Қувватов (+59) низ мавқеъҳои худро хеле беҳтар карданд.
Пешсафи ҷудокорони тоҷик Темур Раҳимов дар вазни худ устуворона зинаи 1-умро ишғол мекунад. Пешсафони дигар - Комроншоҳ Устопириён, Нуралӣ Эмомалӣ, Беҳрӯз Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков, Шодмон Ризоев ва Ҷаҳонгир Маҷидов низ дар вазнҳои худ дар радабандӣ ба мавқеъҳои болотар рафтанд.
Пешсафони радабандии ҷаҳонии ҷудо ва мавқеи варзишагрони тоҷик дар он тариқи зайл аст:
60 кг
1. Ян Юнвэй (Тайбэйи Чин) - 5575
2 Франсиско Гарригос (Испания) – 5234
3. Харим Ли (Кореяи Ҷанубӣ) – 5150
75. Муҳаммад Маҳмадизода (+3) 432
76. Муҳаммадсолеҳ Қувватов (+59) 428
86. Меҳрзод Сӯфиев (+249) 355
66 кг
1. Денис Виеру (Молдова) - 6465
2. Хифуми Абэ (Ҷопон) - 6100
3. Ёндонпэрэнлэйн Басху (Муғулистон) - 4894
17. Нуралӣ Эмомалӣ (+2) 2475
40. Шаҳбоз Саидаброров(+2) 1010
43. Обид Ҷебов (+66) 972
73 кг
1. Хедаят Хейдаров (Озарбойҷон) - 6000
2. Сэнд-Очирин Согтбаатар (Муғулистон) - 5638
3. Лаша Шавдатуашвили (Гурҷистон) - 5496
26. Беҳрӯз Хоҷазода(+9) - 1596
77. Муҳаммадраҳим Сарахонов (-7) - 520
100. Муҳаммадшариф Наҷмиддинов (+3) - 325
81 кг
1. Тато Григалашавили (Гурҷистон) - 9296
2. Маттиас Кассе (Белгия) - 7885
3. Саид Моллаеи (Озарбойҷон) - 5645
24. Сомон Маҳмадбеков (+12) - 1935
38. Шодмон Ризоев (+15) - 1230
90 кг
1. Лука Майсурадзе (Гурҷистон) - 7050
2. Сансиро Мурао (Ҷопон) - 6030
3. Давлат Бобонов (Ӯзбекистон) – 5398
12. Комроншо Устопириён (+4) - 2974
57. Ҷаҳонгир Маҷидов (+14) - 774
100 кг
1. Иля Суламанидзе (Гурҷистон) – 6238
2. Зелим Котсоев (Озарбойҷон) - 5911
3. Михаэл Коррел (Нидерланд) - 5503
+100 кг
1. Темур Раҳимов (Тоҷикистон) - 6211
2. Алишер Юсупов (Ӯзбекистон) - 5320
3. Татсуру Саито (Ҷопон) – 4920
94. Шакармамад Мирмамадов (+133) - 252
Занон
48 кг
92. Мадина Қурбонзода – 182 хол. Бори нахуст ба радабандӣ дохил шуд
57 кг
100. Шоҳида Қаландарова (+5) - 176.