Рӯзи якшанбе, 11 июн дар Тошканд бозиҳои даври якуми мусобиқоти Ҷоми Миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA Nations Cup-2023) дар гурӯҳи «А» баргузор шуданд.
Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, футболбозони тоҷик вохӯрии аввалини худро бо тими Туркманистон баргузор намуданд. Бозӣ бо бартарии футболбозони тоҷик сурат гирифта, вале мусовӣ - 1:1 анҷом пазируфт.
Гуфта мешавад, ҳисобро дар дақиқаи 57-ум бозингари тими Туркманистон Мурат Аннаев боз карда, се дақиқа пеш аз анҷоми вохӯрӣ ба Нуриддин Ҳамроқулов муяссар шуд, ки пас аз партофти Эҳсони Панҷшанбе аз зарбаи ҷаримавӣ ҳисобро мусовӣ кунад.
Дар бозии дигари даври якуми ин гурӯҳ мизбони мусобиқа - мунтахаби Ӯзбекистон бо ҳисоби 3:0 бар дастаи Уммон дастболо шуд.
Бозиҳои даври дуюми мусобиқаи гурӯҳии «CAFA Nations Cup-2023» дар гурӯҳи “А” рӯзи чоршанбе, 14 июн баргузор мешаванд. Дар ин рӯз мунтахаби Тоҷикистон бо тими Уммон ва Ӯзбекистон бо дастаи Туркманистон бозӣ мекунанд.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвал пас аз даври якум:
Дар Ховалинг мактаберо ба номи як қурбонии низои марзии Тоҷикистону Қирғизистон гузоштанд
Ӯзбекистон расмиёти дохилии тартиби соддакунии боркашонӣ бо Тоҷикистонро ба анҷом расонид
Шаҳрвандии Русия дореду дар қайди ҳарбӣ нестед. Метавонед аз шаҳрвандӣ маҳрум шавед
Оё электромобилҳо метавонанд камбуди мавсимии неруи барқро дар Тоҷикистон зиёдтар кунанд?
Зиндагии маъмулӣ пас аз зиндон. Маҳбусони собиқ чӣ гуна ба он бармегарданд?
Идомаи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаи Рашт. Аз ифтитоҳи чанд бино то нигаронӣ аз вазъи маорифу тандурустӣ
Ғалабаҳои аввалини намояндагони Тоҷикистон дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот-2024
Пешниҳоди таъсиси “Маркази омӯзиши маорифи Мовароуннаҳр” дар Тоҷикистон
Президент гуфт, мукофотпулии озмунҳо 100% зиёд шавад. Маблағи озмунҳои ҷумҳуриявӣ чӣ қадар мешавад?
Душанбе чемпионати ҷудои ҷаҳон байни наврасонро пазироӣ мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста