Тоҷикистонро дар Бозиҳои махсуси ҷаҳонии тобистонаи олимпӣ – Берлин 2023 (Special Olympics World Games) 3 варзишгар дар ду намуди варзиши сабук – давидан ва тениси рӯи миз намояндагӣ мекунанд. Дар ин бора Сафорати Тоҷикистон дар Олмон хабар медиҳад.
Ин бозиҳо аз 17 то 25-уми июни соли 2023 дар шаҳри Берлин баргузор мешавад ва дар он ҳудуди 7000 варзишгари риштаи варзиши сабуки дорои маълулияти рӯҳӣ ва норасоии шадиди зеҳнӣ аз 180 кишвари мухталиф дар 26 намуди варзиш иштирок хоҳанд кард.
Он расман рӯзи 17-уми июни соли 2023 бо ширкати Франк-Валтер Штайнмайер, Президенти Олмон, Олаф Шолтс, Канслери Федералии Олмон дар ҳузури тақрибан 50 ҳазор меҳмон дар варзишгоҳи олимпии Берлин оғоз гардид.

Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Олмон низ дар маросими расмӣ ҳузур дошт ва варзишгарони тоҷикро ҳангоми гузашти умумӣ истиқбол карда, ба онҳо комёбӣ таманно намуд.
Нахустин Бозиҳои махсуси ҷаҳонии тобистонаи олимпӣ соли 1968 дар Чикагои ИМА доир гардида, ҳамакнун мусобиқаҳо дар чор сол як маротиба дар кишварҳои мухталиф гузаронида мешаванд.

Бозиҳои умумиҷаҳонӣ бузургтарин чорабинии бисёрсоҳавӣ дар Олмон пас аз Бозиҳои олимпии соли 1972 дар Мюнхен буда, маротибаи аввал дар Олмон баргузор мешавад.
Бозиҳои умумиҷаҳонӣ таваҷҷӯҳи бештарро ба татбиқи амалии Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи маъюбон ҷалб карда, имкони иштироки бештари маъюбонро дар ҳаёти иҷтимоӣ ва махсусан дар варзиш фароҳам меоварад.
Рӯзадорӣ ба кӣ фарзу кӣ аз он озод ва чӣ рӯзаро мешиканад? Муҳимтарин нукот дар бораи Рамазон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 марти соли 2025
Зебинисо Рустамова: Бигзор мансабдор президенти федератсия шавад, агар муовинаш варзишгари касбӣ бошад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2025
Ашки шодӣ, рақсу бозӣ, оғӯшгириву дастфишорӣ. Гузориш аз бозшавии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон
Дар Душанбе тавонмандсозии занонро муҳокима карданд
“Лағви раводид барои шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ”. Содир Жапаров гуфт, дар минтақа “осоиши абадӣ” барқарор шуд
Соли талошу бурдҳо: натиҷаҳои фаъолияти “Азия-Плюс” дар соли 2024
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Русия меравад
Санъаткорон беш аз 4,3 миллион сомонӣ андоз пардохт кардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста