Дар Чемпионати Тоҷикистон оид ба бокс, ки аз 12-ум то 17-уми декабр дар Душанбе баргузор шуд, қаҳрамонҳои нави бокси Тоҷикистон маълум шуданд. Дар ин бора Федератсияи бокси Тоҷикистон хабар медиҳад.
Манбаъ мегӯяд, дар мусобиқа, ки байни занону мардон доир шуд, 175 муштзан иштирок намуд, ки 57 нафари онҳоро занон буданд.
Ҳамин тариқ, дар байни мардон Меҳроҷиддин Баротов дар вазни зери 48кг, Меҳрон Шафиев дар вазни зери 51кг, Меҳроҷ Зоҳидов дар вазни аз 54кг поин, Асрор Воҳидов дар вазни зери 57кг, Абубакр Муродзода дар вазни зери 60кг ва Баҳодур Усмонов дар вазни аз 63,5кг поин қаҳрамони бокси Тоҷикистон шуданд.

“Ҳамчунин Саидикром Амонов (-67кг), Шаҳобхон Шукуров (-71кг), Мирзомуҳаммади Бахтиёр (-75кг), Шаббос Негматуллоев (-80кг), Парвиз Каримов (-86кг), Баҳман Расулов (-92кг), Муҳаммад Аброриддинов (+92кг) байни мардҳо ба дарёфти унвони чемпиони Тоҷикистон дар соли 2023 даст ёфтанд”, - гуфтааст федератсияи бокси кишвар.
Қаҳрамонҳои бокс дар байни занон дар соли 2023 Сумайя Қосимова дар вазни зери 48кг, Рӯҳафзо Ҳақназарова дар вазни аз 51кг поин, Рухсора Қурбонова дар вазни зери 52кг, Фариза Ёқубова дар вазни аз 54кг поин, Дилдода Асақолова дар вазни зери 57кг, Дилноза Нуримова дар вазни зери 60кг, Мавзунаи Аҳмадҷон дар вазни зери 63кг, Малика Нозимова дар вазни зери 66кг, Мавлуда Одинаева дар вазни аз 70кг поин, Дилрабо Холмуродова дар вазни зери 75кг, Гуларус Шоева аз вазни зери 81 кг ва Фарзона Каримова аз вазни аз 81кг боло даст ёфтаанд.

Федератсияи бокси Тоҷикистон ба ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал ҷоизапулӣ низ туҳфа намуд. Аз ҷумла, ба барандагони медали тилло 5000 сомонӣ, нуқра 3000 ва ба барандагони медали биринҷӣ 1000 сомонӣ тақдим шудааст.
Аз ҳисоби ғолибон тими мунтахаби Тоҷикистон таъсис ёфт. Онҳо дар мусобиқаҳои интихобии олимпӣ, ки нимаи аввали соли 2024 ба нақша гирифта шудааст, инчунин дигар мусобиқоти байналмилалӣ ширкат меварзанд.
Бояд гуфт, ки дар байни қаҳрамонҳои бокс Давлат Болтаев дар вазни зери 92кг ва Миҷгона Самадова дар вазни зери 57кг дар Бозиҳои Осиё роҳхати Бозиҳои олимпии Париж-2024-ро ба даст овардаанд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 апрели соли 2025
Маъракаи даъват ба хидмат оғоз шуд. Ба муҳимтарин саволҳо оид ба даъвати ҳарбӣ посух дарёфтем
Аз “Мактаби кӯҳна”-ву “Қиссаҳои айёми таътил” то “Ҷонам фидои яхмос”. Адабиёти муосири бачагонаи тоҷик дар кӯлбори худ чӣ дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 апрели соли 2025
“Чунин ҷашни зеборо дер боз интизор будем”. Гузориш аз Наврӯзи Хуҷанд, ки дар он ҳама аз дӯстӣ мегуфтанд
Борони пуршиддат меборад. Ҳушдори КҲФ аз хатари омадани сел ва тармафароӣ
Қурби доллар дар Тоҷикистон ба поинравӣ оғоз кард
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба бозорҳои Аврупоро густариш медиҳанд
“Зарбаи ҷиддӣ ба иқтисоди ҷаҳон”. Вокунишҳо ба фармони Доналд Трамп оид ба ҷорӣ кардани боҷи воридотӣ
Соли 2024 кишварҳои Осиёи Марказӣ аз USAID чӣ қадар кумак гирифтанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста