Тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол бори аввал ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё роҳхат ёфт ва дар гурӯҳи “А” бо тимҳои Чин ва Қатар ду бозӣ анҷом дод. Имрӯз охирин бозии худро дар марҳилаи гурӯҳӣ бо тими Лубнон баргузор мекунад.
Тими мунтахаби Тоҷикистон дар ду бозии аввал бо мунтахаби Чин мусовӣ ва бо мунтахаби Қатар бо ҳисоби 0 бар 1 мағлуб шуд.
Бозии охирин ва ҳалкунандае, ки метавонад ба Тоҷикистон роҳхат ба даври дигарро тақдим кунад, имрӯз, 22-юми январи соли 2024, соати 20:00 бо вақти Душанбе, бо тими Лубнон баргузор мешавад.
Петр Сегрт, сармураббии тими Тоҷикистон гуфт, “бозӣ ба муқобили Лубнон барои мо мисли финал аст. Бозии хело душвор ҳам барои мо ва ҳам барои рақиб хоҳад буд”.
Бо назардошти муҳиммияти бозии охирин дар гурӯҳ мо аз чанд коршинос пурсидем: Аз бозии Тоҷикистон ва Лубнон чӣ интизорӣ доред ва чӣ тағйироте дар ҳайати тими миллӣ дидан мехоҳед?
Сайфиддин Қараев, шореҳи варзиши Азия-Плюс, мегӯяд, дар ин бозӣ тими Тоҷикистон бозии ҳуҷумкоррро нишон медиҳад, Лубнон бошад, бештар ба хати ҳимоя таваҷҷуҳ карда, талош мекунад ба аксулҳуҷум гузарад.
“Тими Тоҷикистон нисбат ба рақиб каме зӯртар аст. Дар ин ҷо эҳтиёт дар хатти дифоъ лозим. Рустам Ятимов, дарвозабони тими миллии Тоҷикистон дар бозӣ бо Қатар як-ду хато кард, бояд ин дафъа ҳушёртар бошад. Аҳамият ба он додан лозим, ки Лубнон дар муқобили Қатар ва Чин асосан бо усули аксулҳуҷум бозӣ кард ва зарбаҳои хеле хатарнок аз масофаи дур зад”, - гуфт Сайфиддин Қараев.
Бобо Холмуродзода, шореҳи футбол дар ТВ “Варзиш” бовари комил дорад, ки тими миллии Тоҷикистон дар ин бозӣ муваффақ мешавад.
“Дар бозии сеюм Ҳамадонӣ Камолов бо сабаби доштани корти сурх бозӣ намекунад ва ин талафоти кадрӣ аст. Ин бозигари калидии дастаи мунтахабамон бе ҳеҷ шак бо дурахшиши худ ҳарифонро ба ҳолати ногувор меовард. Аммо мутмаинем, ки миллипушони мо аз ӯҳдаи вазифаи хеш сарбаландона мебароянд. Бисёр душвор аст, аммо мураббиён метавонанд дастаро аз ҷиҳати тактикӣ хуб омода кунанд”, - мегӯяд Бобо Холмуродзода.
Ҳайдар Шодиев, шореҳи варзиш умедвор аст, ки ниҳоят футболбозони тоҷик ба голзанӣ оғоз мекунанд ва ғалаба менамоянд.
“Имрӯз бозии ҳалкунанда аст. Барои аз гурӯҳ баромадан ба дастаи Тоҷикистон ғалаба лозим аст. Бовар дорем, ки тими Тоҷикистон бозиҳои гурӯҳии худро сарбаландона ба анҷом мерасонад ва ҳамлагарони мо ниҳоят голҳои аввали тими мунтахаби Тоҷикистонро дар ин мусобиқот зада, мухлисони худро дар бозиҳои плей-офф низ хушҳол менамоянд”, - зикр мекунад Ҳайдар Шодиев.
Баҳром Хоҷаев, мудири сафҳаи фейсбукии “Ҷаҳони футболи тоҷик” ҳам аз корти сурхи Ҳамадонӣ Камолов дар бозӣ бо Қатар бештар дар ташвиш аст, аммо итминон дорад, ки Тоҷикистон дар бозии ахири худ пирӯз мешавад.
“Ҳамадонӣ бо сабаби корти сурх дар бозии тақдирсоз бо Лубнон наметавонад ба майдон биёяд. Мо пеш аз мусобиқа яке аз муҳраҳои калидии дастаамон - Амирбек Ҷӯрабоевро аз даст додем. Барои ивази Ҳамадонӣ аз бозикунони дар захира буда гузинаи сазоворе намебинам, аз ин лиҳоз ҷолиб аст, то бубинем, ки ҷаноби Шегрт ва ситодаш бо чӣ тарҳе дар баробари Лубнон тимро ба майдон мебароранд. Аммо бо боварӣ, метавон гуфт, ки дастаи мо қодир аст то тими Лубнонро аз сари роҳи худ дур кунад”, - таъкид кард Баҳром Хоҷаев.
Бояд гуфт, ки имрӯз пеш аз бозӣ Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки бо сафари давлатӣ дар Қатар ҳузур дорад, бо футболбозони тими миллии кишвар мулоқот кард ва ба онҳо дар бозии дарпешистода ғалаба хост.
Ёдовар мешавем, ки дар гурӯҳи “А” айни ҳол тими миллии Қатар, мизбони Ҷоми Осиё-2024, бо касби 6 хол садрнишин аст. Тими милли Чин бо ду хол мақоми дуюмро касб кардааст. Тимҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Лубнон бо як холӣ дар зинаҳои сеюм ва чоррум қарор доранд.
Аз гурӯҳ ду дастае, ки холҳои бештар касб мекунанд, ба марҳилаи дигар роҳхат мегиранд. Ҳамчунин, 4 тиме, ки бо натиҷаҳои беҳтар мақоми сеюмро соҳиб мешаванд, низ ба марҳилаи 1/8 ниҳоӣ роҳ меёбанд.
“Сиёсатмадор барои худ - на, барои миллат кор мекунад...” Нигоҳе ба 101-соли Низорамо Зарифова
Як ҳафта танаффус. Дастикам 30 нафар алайҳи чеҳраҳои боздоштшуда шаҳодат додаанд
Чӣ гуна чангу ғубор ба пиряхҳои Тоҷикистон таъсир мерасонанд?
Ҳайати ҳукумати “Толибон” дар Ӯзбекистон. Онҳо аз Самарқанду Бухоро дидан кардаанд
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Мусодираи беш аз 21 ҳазор маводи тарфгарӣ дар Суғд
Якбора 3 размикори тоҷик соли 2025-ро бо рақобатҳои нав оғоз мекунанд. Ҳарифонашон кистанд?
Боздошти як зан дар Зафаробод бо гумони қатли фарзанди “угаяш”
"Боим" дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шудааст. Ӯ кист?
Дар Шуғнон як мошин ба дарё чапа шудааст. КҲФ ҷасади ронандаро меҷӯяд
Ашёи муҳим барои саноати ҳарбӣ. Тоҷикистон дар истеҳсоли сурма метавонад пешсаф шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста