Бори нахуст дар минтақаи Осиёи Марказӣ - шаҳри Самарақанд Чемпионати ҷаҳон оид ба қаиқронӣ дар байдаркаҳо ва каноэ дар масофаҳои ғайриолипмӣ баргузор мешавад.
Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Федерстсияи қаиқронии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар чемпионат ҳудуди 400 қаиқрон зиёда аз 57 кишвар ширкат меварзанд. Дар ин мусобиқа ғолибон ва ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ, Бозиҳои Осиё, чемпионатҳои ҷаҳон ва Осиё бо ҳам рақобат мекунанд.
Мусобиқаҳо рӯзҳои 23-25 август доир гардида, дар онҳо намояндагони Тоҷикистон низ ба рақобат мепардозанд.
Мусобиқаҳои чемпионат дар ягона канали қаиқронӣ дар Осиёи Марказӣ гузаронида мешаванд. Дар чемпионат барои дарёфти 20 маҷмӯи медалҳо (10-то дар қаиқронӣ ва 10-то дар қаиқронӣ дар каноэ) рақобат сурат мегирад.
Қобили зикр аст, ки солҳои 2013 ва 2018 дар канали қаиқронии Самарқанд Чемпионати Осиё ва дар соли 2023 - Чемпионатҳои Осиё U19, U23, инчунин оид ба парканоэ баргузор шуда буданд.
Соли гузашта варзишгарони тоҷик дар каноэи чорнафара (С-4) дар масофаи 5000 метр миёни наврасони синни то 18-сола, дар мусобиқа байни дастаҳо дар байдаркаи чорнафара (С-4) ба масофаи 500 метр байни занон, дар каноэи дунафара (С-2) ба масофаи 1000 метр медалҳои биринҷӣ ба даст оварда буданд.