Чанде пеш Игор Черевченко, мураббии футбол, ки моҳи август дастаи “Факел”-и Воронежро тарк кард, ба Душанбе омад. Ӯ аз ҷумла, дар бозии дастаи “Истиқлол”, ки дар доираи даври аввали Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 баргузор шуд, ҳузур дошт.

Баъди ин, дар ҷомеаи футболи Тоҷикистон овозаҳо зиёд шуданд. Ӯ ба дастгирии тими собиқаш омад ё ба сарварӣ гирифтани он?

Қобили зикр аст, ки сармураббии пешинаи “Истиқлол” Никола Лазаревич ба истеъфо рафта, ба ҷойи ӯ роҳбарии дастаро ёвари ӯ, ки иҷозатнома (литсензия)-и "Pro" надорад, ба дӯш гирифт. Аз ин рӯ, дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё мутахассиси футбол Алишер Тӯхтаев муваққатан сармурабии даста шуд.

Ҳамаи ин тағйирот ба зиёд шудани овозаҳо дар бораи ба даста баргаштани Игор Черевченко шуданд. Дар мавсими гузашта ӯ ба он роҳбарӣ карда буд. Ғайр аз ин, ВАО-и Русия бо нашри хабари дар Федератсияи футболи Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доштани масъали сармураббии мунтахаби Тоҷикистон таъин шудани Игор Черевченко, ин овозаҳоро бештар тақвият доданд. Ҳамзамон имкон дорад, ки ба ӯ пешниҳод кунанд, ки дар як вақт ҳам дар тими “Истиқлол” ва ҳам дар дастаи миллӣ кор кунад.

Бо вуҷуди ин, худи мутахассис дар суҳбат бо хабарнигори "Азия-Плюс" ҳамаи ин овозаҳоро рад карда, сабаби сафари охирашро ба Душанбе шарҳ дод.

"Ман чанд рӯз пеш бозпас баргаштам. Оё сафари ман ба Душанбе бо музокирот дар бораи кор дар тими “Истиқлол” ё дастаи миллӣ рабт дошт? Не, ман барои тамошои бозии “Истиқлол” ба пойтахт омада будам" — гуфт мураббӣ.

Ӯ инчунин ба саволи он ки оё воқеан ба ӯ дар бораи тими мунтахаби Тоҷикистонро ба роҳбарӣ гирифтан, тавре ки расонаҳои Русия хабар дода буданд, пешниҳод шудааст, низ посух гуфт.

"Дар бораи дастаи миллӣ ҳеч гуна музокирот сурат нагирифтааст. Ҳамчунин, ягон пешниҳод низ набуд", — таъкид дошт Черевченко.

Игор Черевченко ва ҳайати кории ӯ дар дастаи "Истиқлол"
Сурат аз дастаи футболи "Истиқлол"

Ёдрас мекунем, ки пас аз тими мунтахаби Тоҷикистонро тарк кардани Петр Сегрт дар соли равон, сарварии дастаро ёвари ӯ Гела Шекиладзе аз Гурҷистон ба дӯш гирифт.

Ахиран Черевченко аз 1 апрел то моҳи августи соли равон дар дастаи "Факел"-и Воронеж мураббигӣ  мекард. Таҳти роҳбарии ӯ даста дар мавсими 2023/2024-и Чемпионати Русия зинаи 11-умро касб кард. Дар ин мавсим корҳо дар ин даста начандон қаноатбахш буданд, аз ин рӯ, қарордодашро қатъ кард.

Игор Черевченко 21 августи соли 1974 дар Душанбе, дар оилаи собиқадори футболи тоҷик, устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) ва капитани дастаи “Помир”-и Душанбе Геннадий Черевченко ба дунё омада, ба воя расидааст. Ӯ мисли падараш дар хатти ҳимоя ҳунарнамоӣ мекард.

Фаъолияти футболи ӯ соли 1992 дар тими “Помир” оғоз шудааст. Ӯ дар ин бошгоҳ то соли 1994 бозӣ карда, узви тими миллии Тоҷикистон буд.

Пас аз анҷоми фаъолияти футболбозиаш дар дастаҳои “Локомотив”-и Маскав, “Арсенал”-и Тула ва “Химки”-и вилояти Маскав ба ҳайси мураббӣ кор кардааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.