Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) кӯмаки башардӯстонаи Амрикоро ба маблағи $850 ҳазор тақсим кард. Мадина Сайфиддинова, корманди шӯъбаи иттилооти ҶҲАТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ба беморхонаи ҷумҳуриявии касалиҳои сили Мачитони ноҳияи Ваҳдат аз ҳисоби кӯмаки башардӯстона кӯрпаҳо ва лавозимоти шустушӯ дода шудааст. Бино ба иттилои манбаъ, беморхона барои 700 нафар пешбинӣ шуда, айни замон дар он 286 нафар беморон табобат мегиранд. «Ҳамчунин ба таваллудхонаи ноҳияи Ваҳдат (либосҳо барои навзодон), шӯъбаҳои табобатии беморхонаи марказӣ, ихтиёриёни ҶҲАТ, аъзои кумитаи рушди деҳот, хонандагони синфҳои ибтидоӣ низ кӯмак расонида шуд, - зикр кард М.Сайфиддинова. - Кӯмак бо мақсади ёрӣ расонидан ва дастгирии волидайни беморон расонида мешавад». «Қисме аз кӯмаки башардӯстона ба беморхонаи касалиҳои сили ноҳияи Восеъ ва беморхонаи кӯдаконаи аксалиҳои сили шахри Душанбе дода мешавад, - гуфт ӯ. - Кӯмаки мазкур аз Амрико тавассути Ҷамъияти Салиби Сурхи Амрико дастрас гардидааст».
Радио эфир
“Дар сурати зарурат, ҳар гуна кӯмак ироа хоҳад шуд”. СААД ба қазияи Украина ҳамроҳ мешавад?
Рӯзи 31-уми март дар Тоҷикистон истироҳатӣ аст
Боздошти 4 кас, ки худро корманди ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда сокинонро ғорат мекардаанд
Расман: Имсол Рамазон 29 рӯз ва иди Фитр 30-юми март аст
Пешниҳоди ҷавобгарии ҷиноятӣ барои напардохтани маблағи барқ дар маҷлиси ҳукумат
Боздошти роҳбари як корхонаи давлатӣ ҳангоми гирифтани пора дар утоқи корияш
Нархи барқ барои аҳолӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо роҳбари дипломатияи Аврупо
“Инсон бояд худро шиносад ва бо худаш рост бошад”. Аз рӯзгор ва корномаи нависандаи асарҳои пурмоҷаро Зариф Ғулом
Имкониятҳо зиёданд. Боз шудани сарҳад бо Қирғизистон ба иқтисоди Тоҷикистон чӣ фоида меорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста