Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Чанд рӯз қабл нашриёти «Ирфон» китоби тозаи профессор Мансур Бобохонов «Сухан дар бораи тоҷикон»-ро ба табъ расонид, ки дар он мақолаҳо, гузоришот ва баромадҳо перомуни масоили муҳими тоҷикони хориҷи кишвар ҷамъоварӣ шудаанд. Маводи мазкур бо забони русӣ ва тоҷикӣ дар матбуоти даврӣ ва гузоришоти конфронсҳои илмии минтақавӣ ва байнулмилалӣ аз солҳои 60—уми асри ХХ то соли 2007 ба чоп расидаанд. Китоб аз ду қисм иборат аст. Қисми аввал беш аз 20 мақола ва гузоришоти муаллиф, мусоҳибаи рӯзноманигорони варзида Шодӣ Шокирзода, Фотеҳи Абдулло, Иброҳим Шукуров ва Чумъахони Саидро бо забони тоҷикӣ перомуни фолклори тоҷикони Афғонистон, қайдҳои сафарӣ аз ин кишвар, аз ҷумла дидор бо роҳбари маркази фарҳангии Носири Хисрав, шоир ва пешвои сиёсӣ Саид Мансур Нодириро дар бар мегирад. Ҳамчунин дар ин қисм номаҳои расмии муаллиф оид ба мушкилоти тоҷикони бурунмарзӣ ба роҳбарони ҷудогонаи муассисоти Тоҷикистон ва сарвари давлат ҷой дода шудааст. Ба қисми дуввум беш аз 10 мақолаи қаблан чопшуда ва тақризҳои олим дар бораи мушкилоти тоҷикон бо забони русӣ таҳти унвони «Тоҷикон дар Русия», «Диаспораи тоҷикон ва ватани таърихӣ», «Масоили муҳими тоҷикони ҷаҳон», «Ба Сибир аз пайи тоҷикон», «Муҳоҷирони Тоҷикистон дар Сибир» ва ҳамчунин ду посухи Маркази пажӯҳишгоҳи тоҷикон ва мардуми форсизабони ҷаҳони назди ДДМТ ба хулосаи комиссияи коршиносон бобати лоиҳаи Марказ ва ғайра ворид гаштаанд. Маҷмӯа барои олимон, коршиносон, аспирантҳо, донишҷӯён ва ҳамчунин ба ҳамаи он касоне, ки ба масъалаҳои тоҷикони ҷаҳон таваҷҷӯҳ доранд, пешбинӣ гардидааст.
Радио эфир
“Дар сурати зарурат, ҳар гуна кӯмак ироа хоҳад шуд”. СААД ба қазияи Украина ҳамроҳ мешавад?
Рӯзи 31-уми март дар Тоҷикистон истироҳатӣ аст
Боздошти 4 кас, ки худро корманди ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда сокинонро ғорат мекардаанд
Расман: Имсол Рамазон 29 рӯз ва иди Фитр 30-юми март аст
Пешниҳоди ҷавобгарии ҷиноятӣ барои напардохтани маблағи барқ дар маҷлиси ҳукумат
Боздошти роҳбари як корхонаи давлатӣ ҳангоми гирифтани пора дар утоқи корияш
Нархи барқ барои аҳолӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо роҳбари дипломатияи Аврупо
“Инсон бояд худро шиносад ва бо худаш рост бошад”. Аз рӯзгор ва корномаи нависандаи асарҳои пурмоҷаро Зариф Ғулом
Имкониятҳо зиёданд. Боз шудани сарҳад бо Қирғизистон ба иқтисоди Тоҷикистон чӣ фоида меорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста