Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Бо мақсади дар таҷрибаи соҳаи тандурустӣ ҷорӣ сохтани бақайдгирии ҳодисаҳои таваллуд ва фавти кӯдакон мувофиқи меъёрҳои зиндазоӣ ва мурдазоӣ, аз 10 то 28-уми июн дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ перомуни мавзӯи меъёрҳои зиндазоӣ семинарҳои омӯзишӣ гузаронида мешаванд. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати тандурустии ҶТ хабар доданд, чорабиниҳои мазкур дар чаҳорчӯбаи амалисозии фармони вазири тандурустии ҶТ «Дар бораи тадриҷан гузаштани муассисаҳои тиббии Вазоарти тандурустии ҶТ ба меъёрҳои байнулмилалии қайди зиндазоӣ, ки Созмони ҷаҳонии беҳдошт тавсия додааст» гузаронида мешаванд. Бино ба иттилои манбаъ, семинарҳо ҳамчунин бо мақсади таъмини мувофиқати маълумот дар бораи таваллуд ва фавти кӯдакон дар давраи перинаталӣ, муайян кардани дахолат ба коҳиш додани фавти кӯдакон баргузор мегарданд. Бо барномаи омӯзишӣ мутахассисони ноҳияҳои Файзобод, Нуробод, Тавилдара, Тоҷикобод, Ҷиргатол, Данғара, Балҷувон ва Қумсангири вилояти Хатлон фаро гирифта мешаванд. «Гурӯҳҳои мақсаднокро момодояҳо ва духтурони бемориҳои занона, неонатологҳо, кормандони омори соҳа ва ҳамшираҳои шафқати бақайдгирандаи таваллуд ташкил хоҳанд дод», - афзуданд дар Вазорати тандурустӣ.
Радио эфир
“Дар сурати зарурат, ҳар гуна кӯмак ироа хоҳад шуд”. СААД ба қазияи Украина ҳамроҳ мешавад?
Рӯзи 31-уми март дар Тоҷикистон истироҳатӣ аст
Боздошти 4 кас, ки худро корманди ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда сокинонро ғорат мекардаанд
Расман: Имсол Рамазон 29 рӯз ва иди Фитр 30-юми март аст
Пешниҳоди ҷавобгарии ҷиноятӣ барои напардохтани маблағи барқ дар маҷлиси ҳукумат
Боздошти роҳбари як корхонаи давлатӣ ҳангоми гирифтани пора дар утоқи корияш
Нархи барқ барои аҳолӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо роҳбари дипломатияи Аврупо
“Инсон бояд худро шиносад ва бо худаш рост бошад”. Аз рӯзгор ва корномаи нависандаи асарҳои пурмоҷаро Зариф Ғулом
Имкониятҳо зиёданд. Боз шудани сарҳад бо Қирғизистон ба иқтисоди Тоҷикистон чӣ фоида меорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста