Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Дар маҳфили матбуотие, ки дар таърихи 10-уми июн дар Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон доир мегардад, Иттиҳодияи байнулмилалии молиявӣ (ИБМ) барои баррасии масъалаҳои низоми андозабандӣ шароит фароҳам меорад. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз дафтари ИБМ хабар доданд, маҳфили матбуотӣ дар доираи лоиҳаи «Рушди муҳити корӣ дар Тоҷикистон» баргузор мегардад. Бино ба иттилои манбаъ, дар чорабинӣ масоили дар амал татбиқ кардани марҳилаи саввуми тадқиқот дар соҳаи тиҷорат ва кор мавриди муҳокима қарор мегиранд. «Маҳфили матбуотӣ бо мақсади огоҳкунии аҳолӣ ва соҳибкорон аз супер-патенти (имтиёзномаи) нав, ки амалисозии он аввали моҳи июл оғоз мегардад, гузаронида мешавад, - иттилоъ доданд аз ИБМ. – Патенти нав дар як вақт се намуди андозбандӣ– андоз аз даромад, андози иҷтимоӣ ва андоз аз фурӯшро дар бар мегирад». Ба гуфтаи манбаъ, бартарияти асосии патент дар пардохти муайяншудаи он ифода мегардад. Бар замми ин, дар ИБМ зикр карданд, ки аз рӯи натиҷаҳои марҳилаи аввали тадқиқот, бо мақсади дастгирии муҳити соҳибкорӣ ба ҳукумати кишвар 50 пешниҳодот тавсия карда шудаанд, ки то имрӯз 15-тои он қабул гардидаанд. Тадқиқоти ИБМ ҳамчунин ба тағйирёбии патент мусоидат кардааст: супер-патенти номбурда натиҷаи тадқиқотҳои гузаронда мебошад.
Радио эфир
“Дар сурати зарурат, ҳар гуна кӯмак ироа хоҳад шуд”. СААД ба қазияи Украина ҳамроҳ мешавад?
Рӯзи 31-уми март дар Тоҷикистон истироҳатӣ аст
Боздошти 4 кас, ки худро корманди ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда сокинонро ғорат мекардаанд
Расман: Имсол Рамазон 29 рӯз ва иди Фитр 30-юми март аст
Пешниҳоди ҷавобгарии ҷиноятӣ барои напардохтани маблағи барқ дар маҷлиси ҳукумат
Боздошти роҳбари як корхонаи давлатӣ ҳангоми гирифтани пора дар утоқи корияш
Нархи барқ барои аҳолӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо роҳбари дипломатияи Аврупо
“Инсон бояд худро шиносад ва бо худаш рост бошад”. Аз рӯзгор ва корномаи нависандаи асарҳои пурмоҷаро Зариф Ғулом
Имкониятҳо зиёданд. Боз шудани сарҳад бо Қирғизистон ба иқтисоди Тоҷикистон чӣ фоида меорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста