Душанбе. 9-уми июн. «Азия-Плюс» - Муддати як ҳафта мутахассисони Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии профессори Донишгоҳи тибби ҶИЭ Акрами Пуршамс бо фаъолияти марказҳои тадқиқоти бемориҳои меъдаву рӯда, гурда ва саратони ҶТ шинос шуданд. Бино ба иттилои Фотима Яқубова, сухангӯи Вазорати тандурустии ҶТ, ба ҳайат 4 нафар доктори эронӣ - мутахассисони Маркази тадқиқоти муҳити зисти донишгоҳ шомил буданд. Ба қавли ӯ, дар дидор бо муовини вазири тандурустии ҶТ Соҳибназар Раҳмонов масоили ҳамкории тарафайн низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. «Ҳайати эронӣ аз Донишкадаи гастроэнтерологии Академияи улуми ҶТ, беморхонаи марказии ёрии таъҷилии пойтахт боздид карда, ҳамчунин бо ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Убайдулло Қурбонов мулоқот карданд, - идома дод Ф.Яқубова. – Зимни дидор ҷонибҳо изҳори боварӣ карданд, ки мулоқотии мазкур ба рушди ҳамаҷонибаи ҳамкориҳо ва баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи мутахассисони тоҷик дар Эрон заминаи боэътимод хоҳад гузошт».
Радио эфир
“Дар сурати зарурат, ҳар гуна кӯмак ироа хоҳад шуд”. СААД ба қазияи Украина ҳамроҳ мешавад?
Рӯзи 31-уми март дар Тоҷикистон истироҳатӣ аст
Боздошти 4 кас, ки худро корманди ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда сокинонро ғорат мекардаанд
Расман: Имсол Рамазон 29 рӯз ва иди Фитр 30-юми март аст
Пешниҳоди ҷавобгарии ҷиноятӣ барои напардохтани маблағи барқ дар маҷлиси ҳукумат
Боздошти роҳбари як корхонаи давлатӣ ҳангоми гирифтани пора дар утоқи корияш
Нархи барқ барои аҳолӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо роҳбари дипломатияи Аврупо
“Инсон бояд худро шиносад ва бо худаш рост бошад”. Аз рӯзгор ва корномаи нависандаи асарҳои пурмоҷаро Зариф Ғулом
Имкониятҳо зиёданд. Боз шудани сарҳад бо Қирғизистон ба иқтисоди Тоҷикистон чӣ фоида меорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста