Душанбе. 9 –уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Рӯзи сешанбе, дар таърихи 10-уми июн аз Қазоқистон ба кишвари мо 20 ҳазор шиносномаи хориҷӣ меоранд. Бино ба иттилои Давлат Назриев, сардори Департаменти иттилооти ВКХ ҶТ, аввали фасли баҳор, ҳангоми хурӯҷи мавсимии тоҷикистониён ба хориҷи кишвар, мушкилоти таъмини шаҳрвандон бо шиносномаи хориҷӣ ба вуҷуд омад. «Норасоии шиносномаҳо ба мушкилоти техники корхонаи Қазоқистон, ки дар он шиносномаҳо истеҳсол мегардиданд, вобастагӣ дошт ва аз ин сабаб ба Тоҷикистон миқдори зарурии шиносномаҳо ворид намешуданд, - изҳор дошт манбаъ ва афзуд, ки ба ҷумҳурӣ дар ин вақт гоҳ-гоҳ миқдори ками шиносномаҳо оварда мешуданд, ки он талаботи аҳолиро қонеъ гардонида наметавонист. – Мо боварӣ дорем, ки дар рӯзҳои наздик мушкилоти норасоии таъмини шаҳрвандон бо шиносномаҳои хориҷӣ ҳал хоҳад шуд». Ёдовар мешавем, ки ахири моҳи марти соли равон роҳбарияти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии ҶТ бо қарори худ ба шаҳрвандон иҷозат дод, ки бо шиносномаҳои дохилиашон тавассути ҳавопаймо ба хориҷи кишвар сафар кунанд. Иқдоми мазкур маҳз барои рафъи мушкилоти норасоии шиносномаҳои хориҷӣ роҳандозӣ гардида буд.
Радио эфир
“Дар сурати зарурат, ҳар гуна кӯмак ироа хоҳад шуд”. СААД ба қазияи Украина ҳамроҳ мешавад?
Рӯзи 31-уми март дар Тоҷикистон истироҳатӣ аст
Боздошти 4 кас, ки худро корманди ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда сокинонро ғорат мекардаанд
Расман: Имсол Рамазон 29 рӯз ва иди Фитр 30-юми март аст
Пешниҳоди ҷавобгарии ҷиноятӣ барои напардохтани маблағи барқ дар маҷлиси ҳукумат
Боздошти роҳбари як корхонаи давлатӣ ҳангоми гирифтани пора дар утоқи корияш
Нархи барқ барои аҳолӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо роҳбари дипломатияи Аврупо
“Инсон бояд худро шиносад ва бо худаш рост бошад”. Аз рӯзгор ва корномаи нависандаи асарҳои пурмоҷаро Зариф Ғулом
Имкониятҳо зиёданд. Боз шудани сарҳад бо Қирғизистон ба иқтисоди Тоҷикистон чӣ фоида меорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста