Хуҷанд. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс». - Пиллапарварони вилояти Суғд ба фатҳи марраи иҷрои нақшаи пешибинишуда наздик шуданд. Алишер Мирхолиқов, агрономи раёсати «Пилла» ба ОИ «Азия-Плюс хабар дод, ки то имрӯз пиллапарварон 1 ҳазору 14 тонна ашёи хоми нахи абрешим тайёр кардаанд, ки ин 78,1%-и нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, пиллапарварони ноҳияҳои Ашт ва Конибодом аллакай нақшаро иҷро кардаанд ва пиллапарварони ноҳияҳои Спитамен, Ғончӣ ва Бобоҷон Ғафуров низ рӯзҳои наздик ба фатҳи марра мерасанд. «Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар вилоят яке аз истеҳсолкунандагони асосии пилла маҳсуб мегардад ва то имрӯз дар ин ҷо 304,4 тонна ашёи хом тайёр шудааст», - афзуд агроном. А.Мирхолиқов зикр кард, ки тамоми ашёи хом барои коркард ба корхонаи муштараки «Вт-Силк» дода мешавад. Имсол пиллапарварони вилояти Суғд ният доранд, 1 ҳазору 299 тонна ашёи хоми нахи абрешим тайёр кунанд. Соли гузашта тайёр кардани 1 ҳазору 599 тонна пилла ба нақша гирифта шуда буд, вале он танҳо ба 52% (841 тонна) иҷро гардид. «Қисми зиёди тухми кирмак аз касалиҳо ҳалок гаштанд ва бинобар он, пиллапарварон ба нокомӣ дучор шуданд», - гуфт манбаъ ва афзуд, ки қариб ҳамаи қуттиҳои кирмак аз Чин оварда шуда буданд. «Соли ҷорӣ нархҳои фурӯши пилла афзудааст: ба 1 килои ашёи хоми нахи абрешим бо назардошти ААИ 1 доллару 15 сент нарх муқаррар шудааст (соли 2007 95 сент)», - илова кард А.Мирхолиқов.
Радио эфир
“Дар сурати зарурат, ҳар гуна кӯмак ироа хоҳад шуд”. СААД ба қазияи Украина ҳамроҳ мешавад?
Рӯзи 31-уми март дар Тоҷикистон истироҳатӣ аст
Боздошти 4 кас, ки худро корманди ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда сокинонро ғорат мекардаанд
Расман: Имсол Рамазон 29 рӯз ва иди Фитр 30-юми март аст
Пешниҳоди ҷавобгарии ҷиноятӣ барои напардохтани маблағи барқ дар маҷлиси ҳукумат
Боздошти роҳбари як корхонаи давлатӣ ҳангоми гирифтани пора дар утоқи корияш
Нархи барқ барои аҳолӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо роҳбари дипломатияи Аврупо
“Инсон бояд худро шиносад ва бо худаш рост бошад”. Аз рӯзгор ва корномаи нависандаи асарҳои пурмоҷаро Зариф Ғулом
Имкониятҳо зиёданд. Боз шудани сарҳад бо Қирғизистон ба иқтисоди Тоҷикистон чӣ фоида меорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста