Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар шаҳри Душанбе барои рӯзноманигорони кишварҳои Осиёи Марказӣ семинари нахустини омӯзишӣ перомуни дар байни рӯзноманигорон омода сохтани мураббиён оид ба масоили шарҳи мавзӯи бемории норасоии масунияти бадан (БНМБ) ба кор шурӯъ мекунад. Семинар аз ҷониби созмони байнулмилалии «Лоиҳаи назорати БНМБ дар Осиёи Марказӣ» бо ҳамроҳии ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) созмон дода шудааст. Асомиддин Латипов, ҳамоҳангсози миллии лоиҳа ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки тайи панҷ рӯз рӯзноманигорони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон малакаҳои мураббӣ шудан дар шарҳи мавзӯъро меомӯзанд, то ки минбаъд барои рӯзноманигорони кишварашон чунин семинарҳои омӯзишӣ баргузор кунанд. Ба гуфтаи, ҳамоҳангсози яке аз қисматҳои лоиҳа Чинора Сайталиева, ВАО дар шарҳи мавзӯи мазкур нақши бузург доранд ва барпо кардани ташкилоти минтақавии рӯзноманигорон мувофиқи мақсад аст. «Барои навиштани мақолаи хуб дар бораи ин мавзӯъ, поймолкунии ҳуқуқи беморон, рӯзноманигорро лозим аст, ки худаш ба мавзӯъ хуб сарфаҳм равад, дар мақолааш далелҳои мушаххасу санҷидашуда орад ва ба ҳангомаҷӯӣ роҳ надиҳад, - зикр кард А.Латипов. – Мураббиёне, ки дар ин семинар тайёр карда мешаванд, бояд маҳз чунин масоилро ба рӯзноманигорони кишварҳояшон омӯзонанд». Бино ба иттилои А.Латипов, рӯзноманигорон ҳамчунин бо фаъолияти Маркази ҷумҳуриявии пешгирии БНМБ ва як қатор муассисаҳои дигар шинос мегарданд. «Лоиҳаи назорати БНМБ дар Осиёи Марказӣ дар ҳамкорӣ бо бюрои кластерии ЮНЕСКО дар Алма-Ато махсусан барои семинарии мазкур Дастури омӯзишии мураббиёни медиа оид ба шарҳи ин мавзӯъро омода сохтааст, - идома дод манбаъ. – Пас аз озмоиш тарҷумаи он ба забонҳои кишварҳои минтақа пешбинӣ гардидааст».
Радио эфир
“Дар сурати зарурат, ҳар гуна кӯмак ироа хоҳад шуд”. СААД ба қазияи Украина ҳамроҳ мешавад?
Рӯзи 31-уми март дар Тоҷикистон истироҳатӣ аст
Боздошти 4 кас, ки худро корманди ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда сокинонро ғорат мекардаанд
Расман: Имсол Рамазон 29 рӯз ва иди Фитр 30-юми март аст
Пешниҳоди ҷавобгарии ҷиноятӣ барои напардохтани маблағи барқ дар маҷлиси ҳукумат
Боздошти роҳбари як корхонаи давлатӣ ҳангоми гирифтани пора дар утоқи корияш
Нархи барқ барои аҳолӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо роҳбари дипломатияи Аврупо
“Инсон бояд худро шиносад ва бо худаш рост бошад”. Аз рӯзгор ва корномаи нависандаи асарҳои пурмоҷаро Зариф Ғулом
Имкониятҳо зиёданд. Боз шудани сарҳад бо Қирғизистон ба иқтисоди Тоҷикистон чӣ фоида меорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста