Душанбе. 26-уми июни 2008с. «ОИ Азия-Плюс»
- 7 ташкилоти ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратии Тоҷикистон ғолиби озмуни Бонки ҷаҳонӣ оид ба татбиқи барномаи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ барои соли 2008 гардиданд, ки ҷиҳати амалисозии он 35 000 доллари амрикоӣ ҷудо гардида буд.
Аз намояндагии Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) дар Тоҷикистон хабар доданд, ки соли ҷорӣ мавзӯи барнома ширкати ҷомеаро дар кори ҳифзи муҳити зист дар бар мегирифт. Бурсҳо ба маблағҳои аз 3400 то 7000 доллари амрикоӣ ихтисос дода шуда буданд.
Ташкилотҳои шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд ва ноҳияҳои Ҷиргатолу Роштқалъа миёни ғолибони озмун ҷой доранд.
«Лоиҳаҳои интихобшуда ба ҳалли масоили экологӣ, ҳифзи муҳити зист ва инчунин ҷалби кӯдакони дорои имкони маҳдуд ба ҳаёти шоиста дар ҷомеа равона гардидаанд», - гуфта мешавад дар иттилоия бонк.
«Ба озмун 89 лоиҳа пешниҳод шуд ва интихоби онҳо ҷиҳати молиягузорӣ тибқи қоидаҳои БҶ барпо гашта, бо ҷаласаи Кумитаи ҷудокунии бурсҳо ва ширкати созмонҳои мададрасон ва намояндагони мақомоти шаҳрдории Душанбе анҷом ёфт», - изҳор доштанд дар намояндагии бонк.
Барномаи бурсҳои хурд аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ соли 1983 таҳия шудааст. Соли равон он номи Барномаи рушди ҷомеаи шаҳрвандиро гирифт. Аз соли 1998 то имрӯз Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 220 ҳазор доллари амрикоӣ бурсҳои хурд ҷудо кардааст.
“Дар сурати зарурат, ҳар гуна кӯмак ироа хоҳад шуд”. СААД ба қазияи Украина ҳамроҳ мешавад?
Рӯзи 31-уми март дар Тоҷикистон истироҳатӣ аст
Боздошти 4 кас, ки худро корманди ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда сокинонро ғорат мекардаанд
Расман: Имсол Рамазон 29 рӯз ва иди Фитр 30-юми март аст
Пешниҳоди ҷавобгарии ҷиноятӣ барои напардохтани маблағи барқ дар маҷлиси ҳукумат
Боздошти роҳбари як корхонаи давлатӣ ҳангоми гирифтани пора дар утоқи корияш
Нархи барқ барои аҳолӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо роҳбари дипломатияи Аврупо
“Инсон бояд худро шиносад ва бо худаш рост бошад”. Аз рӯзгор ва корномаи нависандаи асарҳои пурмоҷаро Зариф Ғулом
Имкониятҳо зиёданд. Боз шудани сарҳад бо Қирғизистон ба иқтисоди Тоҷикистон чӣ фоида меорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста