Хуҷанд. 26-уми июни с.2008. ОИ «Азия-Плюс»
- Чанде қабл дар шаҳри Исфара маросими ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли семент ва коркарди мева доир гардид.
Раиси шаҳри Исфара Муҳиба Ёқубова хабар дод, ки иқтидори корхона ба истеҳсоли 70 ҳазор тонна семент дар як сол баробар аст «Дар корхона 80 нафар бо ҷои кор таъмин гардида, мувофиқи маълумоти пешакӣ, музди меҳнати моҳонаи онҳо 700 сомониро ташкил медиҳад», - идома дод ӯ.
Корхонаи дуввум оид ба коркарди мева дар таркиби Чамъияти саҳомии «Нони Исфара» сохта шуда, дар он ду хат насб гардидааст. Як хат барои ҷудокунӣ ва бандубасти меваи хушк в хати дигар ҷиҳати коркарди мева ва истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла ширӣ пешбинӣ гардидааст. Ба гуфтаи раиси шаҳр, дар корхона 30 нафар машғули кори домӣ гардида, иқтидори он истеҳсоли 15 тонна маҳсулот дар як рӯзро ташкил хоҳад дод. Корхона бо сармоягузории кишвари Канада ва Тоҷикистон, ки ба 156 ҳазор доллари амрикоӣ баробар аст, бунёд ёфтааст. «Нисфи маблағро созмони байнулмилалии «
MEDA
» ва қисми дигарро ширкати «Таджфрукт» (Меваи Тоҷикистон) сармоягузорӣ карданд», - изҳор дошт М.Ёқубова.
Дар маросими ба истифода додани корхонаҳо раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Исфара қарор дорад, иштирок кард.
“Дар сурати зарурат, ҳар гуна кӯмак ироа хоҳад шуд”. СААД ба қазияи Украина ҳамроҳ мешавад?
Рӯзи 31-уми март дар Тоҷикистон истироҳатӣ аст
Боздошти 4 кас, ки худро корманди ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда сокинонро ғорат мекардаанд
Расман: Имсол Рамазон 29 рӯз ва иди Фитр 30-юми март аст
Пешниҳоди ҷавобгарии ҷиноятӣ барои напардохтани маблағи барқ дар маҷлиси ҳукумат
Боздошти роҳбари як корхонаи давлатӣ ҳангоми гирифтани пора дар утоқи корияш
Нархи барқ барои аҳолӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо роҳбари дипломатияи Аврупо
“Инсон бояд худро шиносад ва бо худаш рост бошад”. Аз рӯзгор ва корномаи нависандаи асарҳои пурмоҷаро Зариф Ғулом
Имкониятҳо зиёданд. Боз шудани сарҳад бо Қирғизистон ба иқтисоди Тоҷикистон чӣ фоида меорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста