Душанбе. 26-уми июни 2008с. ОИ «Азия-Плюс»
- Дирӯз дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии нази Ҳукумати ҶТ вохӯрии мақомоти роҳбарии кумита бо сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон (ҶӮ) дар ҶТ Шоқосим Шоисломов барпо гашт.
Аз сафорати ҶӮ дар Тоҷикистон хабар доданд, ки зимни сӯҳбат сафир бобати бароҳандозии сиёсати ҷавонон дар кишвараш маълумот дод. «Соли ҷорӣ бо фармони сарвари давлат Ислом Каримов дар Ӯзбекистон «Соли ҷавонон» эълон шудааст ва ҳукумати кишвар барои ҳалли масоили маориф, истироҳат ва бо ҷои корӣ ва манзили зист таъмин намудани ҷавонон тамоми чораҳоро меандешад», - изҳор дошт зимни боздид сафир.
Ба гуфтаи сарчашма, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ Маликшо Неъматов барои сӯҳбати пурмӯҳтаво аз сафир изҳори миннатдорӣ карда, зикр кард, ки бояд муносибатҳои дӯстона миёни халқҳои ҳар ду кишвар, ки ба санҷишҳои чандинасраи таърих тоб овардаанд, аз нав бо вусъати тоза рушд ёбанд.
Дар анҷоми мулоқот Ш.Шоисломов ва М.Неъматов ба саволҳои ҳозирин ҷавоб дода, сипас филми ҳуҷҷатии филмбардорони ӯзбек бо номи «Соли 2008 – Соли ҷавонон дар Ӯзбекистон» намоиш дода шуд.
“Дар сурати зарурат, ҳар гуна кӯмак ироа хоҳад шуд”. СААД ба қазияи Украина ҳамроҳ мешавад?
Рӯзи 31-уми март дар Тоҷикистон истироҳатӣ аст
Боздошти 4 кас, ки худро корманди ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда сокинонро ғорат мекардаанд
Расман: Имсол Рамазон 29 рӯз ва иди Фитр 30-юми март аст
Пешниҳоди ҷавобгарии ҷиноятӣ барои напардохтани маблағи барқ дар маҷлиси ҳукумат
Боздошти роҳбари як корхонаи давлатӣ ҳангоми гирифтани пора дар утоқи корияш
Нархи барқ барои аҳолӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо роҳбари дипломатияи Аврупо
“Инсон бояд худро шиносад ва бо худаш рост бошад”. Аз рӯзгор ва корномаи нависандаи асарҳои пурмоҷаро Зариф Ғулом
Имкониятҳо зиёданд. Боз шудани сарҳад бо Қирғизистон ба иқтисоди Тоҷикистон чӣ фоида меорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста