Душанбе. 30-уми июни с.2008. ОИ «Азия-Плюс».
- Дар конфронси вазирони маорифи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар Бишкек миёни Вазорати маорифи ҶТ ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Бино ба маълумотиДонишгоҳи Осиёи Марказӣ, имзои ёддошт барои густариши ҳамкориҳо дар риштаи мукаммал сохтани муҳити ҳуқуқӣ, шаклҳои таълим ва нақшаҳои дарсӣ, истифодаи навгониҳо дар омӯзиши касбӣ ва техникӣ шароити мусоид фароҳам мекунад.
«Санади имзошуда татбиқи озмоишии барномаҳои пешқадами омӯзиши маълумоти касбӣ ва техникиро дар ҳамдастӣ бо кордиҳанда дар Мактаби маълумоти касбӣ ва муттасил пешбинӣ мекунад, - идома дод сарчашма. - Барномаҳои таълимии маълумоти касбӣ ва техникӣ бо иштироки бевосита ва дастгирии вазорати маориф таҳия хоҳанд гардид».
Ёдрас мекунем, ки Мактаби маълумоти касбӣ ва муттасил соли равон дар шаҳри Хоруғ ба татбиқи чунин барнома шурӯъ кард.
«Вазорат ният дорад, аз таҷрибаи мактаб дар дигар муасссиости таълимии ҷумҳурӣ истифода кунад», - афзуд сарчашма.
“Дар сурати зарурат, ҳар гуна кӯмак ироа хоҳад шуд”. СААД ба қазияи Украина ҳамроҳ мешавад?
Рӯзи 31-уми март дар Тоҷикистон истироҳатӣ аст
Боздошти 4 кас, ки худро корманди ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда сокинонро ғорат мекардаанд
Расман: Имсол Рамазон 29 рӯз ва иди Фитр 30-юми март аст
Пешниҳоди ҷавобгарии ҷиноятӣ барои напардохтани маблағи барқ дар маҷлиси ҳукумат
Боздошти роҳбари як корхонаи давлатӣ ҳангоми гирифтани пора дар утоқи корияш
Нархи барқ барои аҳолӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо роҳбари дипломатияи Аврупо
“Инсон бояд худро шиносад ва бо худаш рост бошад”. Аз рӯзгор ва корномаи нависандаи асарҳои пурмоҷаро Зариф Ғулом
Имкониятҳо зиёданд. Боз шудани сарҳад бо Қирғизистон ба иқтисоди Тоҷикистон чӣ фоида меорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста