Душанбе. 1-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз агрегати дуввуми нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» мавриди истифода қарор мегирад. Дар маросими ба истифода додани он президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари маъмурияти президенти Русия Сергей Наришкин ширкат хоҳанд варзид.
Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи (ҶСК) «Нерӯгоҳи обӣ ва барқии Сангтӯда-1» Раҳматулло Алҷанов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки агрегат аз соати 01.50 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба кор даромад.
Дар ҳамин ҳол, фардо бо иштироки президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари маъмурияти президенти Русия Сергей Наришкин маросими расмии ба истифода додани агрегати дувуми нерӯгоҳ барпо мегардад.
Ёдрас мекунем, ки ин маросим ба санаи 2-уми июл пешбинӣ шуда буд ва дар он иштипоки раиси Ҷамъияти саҳомии Русия "ЕЭС России" Анатолий Чубайс дар назар буд.
Агрегати аввали нерӯгоҳ 20 январи соли ҷорӣ ба кор даромад. Иқтидори лоиҳавии он 167,5 МВт буда, дар як моҳ тақрибан 72 млн. кВт/соат нерӯи барқ тавлид месозад.
Қаблан Э.Раҳмон бинобар бӯҳрони шадиди рухдода ба сохтмончиёни иншоот супориш дода буд, ки ба кор даровардани агрегати дуввумро моҳи июн ва тамоми иншоотро охири ҳамин сол таъмин намоянд.
Маълумотнома:
Нерӯгоҳи обию барқии «Сангтӯда-1» бо ғунҷоиши 670 МВт дар 100 километрии ҷануби шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Лоиҳаро ба таври муштарак Тоҷикистону Русия амалӣ месозанд. Мувофиқи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия 75%-и саҳмияҳои нерӯгоҳ ба Русия ва 25%-и он ба Тоҷикистон тааллуқ доранд.
“Дар сурати зарурат, ҳар гуна кӯмак ироа хоҳад шуд”. СААД ба қазияи Украина ҳамроҳ мешавад?
Рӯзи 31-уми март дар Тоҷикистон истироҳатӣ аст
Боздошти 4 кас, ки худро корманди ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда сокинонро ғорат мекардаанд
Расман: Имсол Рамазон 29 рӯз ва иди Фитр 30-юми март аст
Пешниҳоди ҷавобгарии ҷиноятӣ барои напардохтани маблағи барқ дар маҷлиси ҳукумат
Боздошти роҳбари як корхонаи давлатӣ ҳангоми гирифтани пора дар утоқи корияш
Нархи барқ барои аҳолӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо роҳбари дипломатияи Аврупо
“Инсон бояд худро шиносад ва бо худаш рост бошад”. Аз рӯзгор ва корномаи нависандаи асарҳои пурмоҷаро Зариф Ғулом
Имкониятҳо зиёданд. Боз шудани сарҳад бо Қирғизистон ба иқтисоди Тоҷикистон чӣ фоида меорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста