Душанбе. 1-ми июли с.2008. ОИ «Азия-Плюс»
- 30 июни соли 2008 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокиияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории шаҳрдорӣ таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид.
Дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷӯҳи масъулинро ба масоили омодагиҳо ба мавсими тирамоҳу зимистони пешорў нигаронида, дар ин самт гузоришҳои муовини якуми Раиси шаҳр Абдусаттор Сулаймонов ва раиси комиссияи депутатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Абдулло Ҳабибовро дар робита ба ҳолати санҷиши корҳои омодагӣ дар ноҳияҳо ва тамоми субъектҳои хоҷагидории муқими шаҳр шунида, таъкид дошт, ки
то ба имрӯз, ки фурсат баҳри дилхоҳ корҳои омодагӣ кифоягӣ мекунад на ҳамаи талаботҳои Қарори дахлдори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 17 апрели соли 2008 ба пуррагӣ ба иҷро расонида шудаанд.
Зимнан, бо фаҳмонидани мубрамияти масъалаи мазкур ба ҳамаи раисони комиссияҳои депутатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бори дигар зикр сохт, ки дар
санҷиши амиқи корҳои анҷомдода, ки дар таносуби ноҳияҳо дар алоҳидагӣ вобаста мегарданд, бе ҳеҷ кадом истиҳола муносибат намуда, бо дарки масъулият оид ба воқеияти ҳолати ҷойдошта гузоришҳо пешниҳод намоянд.
Муқаррар гардид, ки комиссияҳои мазкур бо иштирок ва ҷалби мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагидорӣ ва ВАО аз 1-уми июл ба кор шурӯъ намуда, ҳисоботи раисони ноҳияҳо 17-уми июл дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ки рӯзномаи он маҳз ба баррасии ин масъала бахшида шудааст, шунида
мешавад.
Дар ин равобит афзуд, ки оид ба корҳои анҷомдодаи омодагии сохторҳои шаҳрии ШСХК «Барқи Тоҷик» дар асоси мувофиқа ва
дархости шаҳрдорӣ аз ҷониби Дастгоҳи Иҷроияи Президенти кишвар
санҷиш гузаронида хоҳад шуд. Дар ин бора котиби матбуотии раиси
шаҳри Душанбе Ш. Саидов хабар дод.
“Дар сурати зарурат, ҳар гуна кӯмак ироа хоҳад шуд”. СААД ба қазияи Украина ҳамроҳ мешавад?
Рӯзи 31-уми март дар Тоҷикистон истироҳатӣ аст
Боздошти 4 кас, ки худро корманди ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда сокинонро ғорат мекардаанд
Расман: Имсол Рамазон 29 рӯз ва иди Фитр 30-юми март аст
Пешниҳоди ҷавобгарии ҷиноятӣ барои напардохтани маблағи барқ дар маҷлиси ҳукумат
Боздошти роҳбари як корхонаи давлатӣ ҳангоми гирифтани пора дар утоқи корияш
Нархи барқ барои аҳолӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо роҳбари дипломатияи Аврупо
“Инсон бояд худро шиносад ва бо худаш рост бошад”. Аз рӯзгор ва корномаи нависандаи асарҳои пурмоҷаро Зариф Ғулом
Имкониятҳо зиёданд. Боз шудани сарҳад бо Қирғизистон ба иқтисоди Тоҷикистон чӣ фоида меорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста