Душанбе. 2-юми июли 2008с. ОИ "Азия-Плюс" - Ҳайати 10-нафараи намояндагони вазорати кишоварзии Ҷумхурии Тоҷикистон бо даъвати Вазорати хоҷагии қишлоқ, обёрикунӣ ва чорводории Ҷумхурии Исломии Афғонистон ҳафтаи гузашта дар Намоишгоҳи маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, ки дар вилояти Қундуз баргузор гардид, ширкат варзиданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» дар вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ҳайати гурӯҳи тоҷикистониро мудири шӯъбаи тухмипарварӣ ва селексионии вазорат Султон Далватов роҳбарӣ мекард.
Дар вазорати кишоварзӣ иттилоъ доданд, ки ҳадаф аз гузаронидани ин намоишгоҳ ин дастрасӣ ба таҷҳизотҳои муосири кишоварзӣ, маводҳо ва дигар маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дар бозорҳои Тоҷикистону Афғонистон мебошад. Дар намоишгоҳи мазкур корхона ва ширкатҳои давлатию хусусии Афғонистон ва Тоҷикистон маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, таҷҳизот, дорувор ва витаминхои байторӣ, таҷҳизоти боғдорӣ, нурихои минералӣ, кимиёвӣ ва биологии ҳифзи растаниҳо ва ғайраҳоро пешниҳод намуданд.
Тибқи иттилои вазорати кишоварзӣ, дар доираи Намоишгоҳ намояндагони вазорат бо намояндаи Донишгоҳи кишоварзии вилояти Қундузи Афғонистон Аюби Ариёӣ гуфтушунид намуданд. Дар вохӯрӣ масъалаҳои омода намудани мутахассисони афғон дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, ташкил намудани курсҳои такмили ихтисоси кормандони соҳаи кишоварзӣ ва устодони Донишгоҳи аграрии Афғонистон дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, инчунин истифодаи коршиносони соҳаи кишоварзии Тоҷикистон дар соҳаҳои кишоварзии Афғонистон дар асоси шартнома баррасӣ гардиданд.
Ба фикри мутахассисон Намоишгоҳи маҳсулоти хоҷагии қишлоқи зикршуда ба густариши тиҷорати наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон мусоидат намуда, дар эҷоди корхонаҳои муштарак ва муносибатҳои мутақобилан судманд нақши арзанда хоҳад гузошт.
Ба зоирон ҳам дахл дорад. Як талаби ҳатмии Арабистон аз мусофироне, ки ба ин кишвар мераванд
Боздошти як ҷавон бо иттиҳоми куштори холааш дар Душанбе
“Баҳси раводид ҳал шуд”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Эрон пурра лағв гардид?
CPJ Тоҷикистонро барои саркӯби рӯзноманигорон танқид кард
Ҳалокати 5 кас дар пайи офатҳои табиии соли гузашта дар шимоли Тоҷикистон
Истеҳсолкунандаи 10 дарсад барқи Тоҷикистон. Аз мавриди истифода қарор гирифтани НБО “Сангтӯда-1” 17 сол пур шуд
Кор дар Литва. Киҳо метавонанд муроҷиат кунанд ва маош чӣ қадар аст?
“Тафсир”: Бозгашт ба “рӯйхати сиёҳ”-и Русия. Баъд аз 5-уми феврал барои муҳоҷирон чӣ тағйир меёбад?
Парвози нахустини хатсайри Душанбе-Панҷакент-Душанбе боз ба таъхир афтод
Боздошти як ҷавони 22-сола барои пахш кардани корманди БДА
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста