Душанбе. 5-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ масъалаи ҷорӣ сохтани «Тартиби ягона» барои қоидаҳои воридот ва содирот баррасӣ шуд..
Аз вазорати номбурда хабар доданд, ки дар муҳокимаи масъала намояндагони вазорату муассисаҳои дахлдор, бахши соҳибкорӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ иштирок доштанд.
Намояндагони вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ перомуни ҷараёни таҳия сохтани Консепсияи миллии «Тартиби ягона» ба ҳозирин маълумот дода, изҳор доштанд, ки дар консепсия зарурат ва тартиби пешниҳоди шакли ягонаи иттилооот ва ҳуҷҷатҳо ба мақомоти дахлдор аз ҷониби корхонаву муассисот ва соҳибкороне, ки бо содирот сарукор доранд, нишон дода шудаанд.
Муқоисаи таҳлилии санадҳо нишон дод, ки дар Тоҷикистон шумораи
ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурии воридот ва содирот ба 10 то 14 адад мерасидааст. Ин рақам дар Русия 8 ва дар Латвия ҳамагӣ 5-6-то будааст. Мутаносибан субъектҳо барои омода намудани ҳуҷҷатҳо дар Тоҷикистон аз 44 то 70 рӯз вақт сарф мекардаанд, дар Русия - 39 рӯз ва дар Латвия ҳамагӣ 11 рӯз.
Ғайр аз ин, коршиносон зикр мекунанд, ки хароҷоти содирот аз Тоҷикистон бо дарназардошти таҳияи ҳуҷҷатҳо 20-23%-и ҳаҷми умумии савдоро ташкил медиҳад, ки нишондиҳандаи пасттарин дар ҷаҳон аст.
Қобили зикр аст, ки «Тартиби ягона» низомест, ки ҷиҳати табодули иттилооти тиҷоратӣ ва таҳияи ҳуҷҷатҳо, таъмини мақомоти гумрук бо иттилооти фаврӣ ва татбиқи мониторинги фаъолияти мақомоти ваколатдор имкони мусоид фароҳам месозад.
Ҷалби нерӯҳои СААД ба қазияи Украина то куҷо воқеӣ аст ва ин ба кишварҳои аъзояш чӣ паёмад дорад?
Рустами Эмомалӣ дигарбора аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб шуд. Боз киҳо аъзои палатаи болои парлумон шуданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2025
Як сол баъд аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом. Чанд кас куштаву чанд нафар боздошт шуд ва тафтишот ба куҷо расидааст?
“Тамошобинон моро бо фараҳу хушнудӣ пазируфтанд”. Ҳунарнамоии балети тоҷик дар саҳнаи бузурги Порис
Парвозҳои мунтазам байни Хуҷанду Қошғар дубора барқарор мешавад
Харобиҳои сел дар натиҷаи борони рӯзи гузашта
Бидуни патент, вале хатарнок. Дар минтақаҳои азхудкардаи Русия муҳоҷирон метавонанд бе патент кор кунанд
Кайя Каллас: Таҳримҳо алайҳи Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ зарар мерасонанд
Баъди 28 соли дарду ранҷ. Чӣ хел Умриузоқ Абдураҳмонов аз маъюбӣ наҷот ёфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста