Душанбе. 5-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Субҳи имрӯз президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷашнҳо бахшида ба
10-умин солгарди пойтахти нави Қазоқистон ба Остона сафар кард.
Ба ОИ «Азия-Плюс» аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд, ки ба ин муносибат президентони Озарбойҷон Илҳом Алиев, Арманистон Серж Саркисян, Гурҷистон Михаил Саакашвили, Қирғизистон Қурмонбек Боқиев, Русия Дмитрий Медведев, Туркия Абдулло Гул ва шоҳи Ӯрдун Абдуллои
II
низ ба пойтахти Қазоқистон ташриф меоранд.
Аз сарчашма иттилоъ доданд, ки дар чаҳорчӯбаи сафар Эмомалӣ Раҳмон як қатор мулоқотҳои дуҷониба анҷом медиҳад.
«Фардо, 6-уми июл президенти Тоҷикистон ҳамтои қазоқи худ Нурсултон Назарбоевро бо зодрӯзаш табрик хоҳад кард», - таъкид сохт сарчашма.
Чанде қабл барои омода сохтани ҷузъиёти сафари кории президенти ҶТ ба Қазоқистон вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ низ ба Қазоқистон рафт. Аз департаменти иттилооти вазорат хбар доданд, ки дар ҷараёни сафар Ҳ.Зарифӣ бо саравзири Қазоқистон Карим Масимов, вазири корҳои хориҷии ин кишвар Марат Тажин, вазири энергетика ва саноати Қазоқистон Владимир Школник вохӯрӣ доир кардааст. Дар вохӯриҳо асосан масоили ҳамкориҳои иқтисодӣ, иштирок дар лоиҳаҳои муштарак, афзун намудани муомилоти ашёи хом ва дигар маҳсулот миёни корхонаҳои ду кишвар муҳокима шудаанд.
Маълумотнома:
Остонаи имрӯза чун шаҳраки низомиён соли 1824 таъсис ёфтааст. Соли 1868 Остона мақоми шаҳрро соҳиб гашт ва танҳо дар солҳои 50-уми асри гузашта он ба маркази муҳими рушди захоири табии ҳифзшудаи минтақаи шимолии Қазоқистон табдил ёфт. Шаҳр чандин маротиба тағйири ном кардааст: дар солҳои шӯравӣ Селиноград, соли 1997 - Акмола ва соли 1998 - Остона.
Ҷалби нерӯҳои СААД ба қазияи Украина то куҷо воқеӣ аст ва ин ба кишварҳои аъзояш чӣ паёмад дорад?
Рустами Эмомалӣ дигарбора аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб шуд. Боз киҳо аъзои палатаи болои парлумон шуданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2025
Як сол баъд аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом. Чанд кас куштаву чанд нафар боздошт шуд ва тафтишот ба куҷо расидааст?
“Тамошобинон моро бо фараҳу хушнудӣ пазируфтанд”. Ҳунарнамоии балети тоҷик дар саҳнаи бузурги Порис
Парвозҳои мунтазам байни Хуҷанду Қошғар дубора барқарор мешавад
Харобиҳои сел дар натиҷаи борони рӯзи гузашта
Бидуни патент, вале хатарнок. Дар минтақаҳои азхудкардаи Русия муҳоҷирон метавонанд бе патент кор кунанд
Кайя Каллас: Таҳримҳо алайҳи Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ зарар мерасонанд
Баъди 28 соли дарду ранҷ. Чӣ хел Умриузоқ Абдураҳмонов аз маъюбӣ наҷот ёфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста