Душанбе. 5-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси Корпоратсияи кӯҳӣ-саноатии Тсзитсзин Чэн Тсзинхэро ба ҳузур пазируфт. Дар вохӯрӣ масоили ҷорӣ ва дурнамои истихроҷи тилло ва дигар маъданҳои кӯҳӣ дар конҳои Тарор ва Ҷилави минтақаи Зарафшон баррасӣ шуд.
Пас аз мулоқот бо сарвари давлат Чэн Тсзинхэ ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки ӯ ба Э.Раҳмон оид ба корҳои анҷомдодаи корпоратсияи мазкур, ки дар ҷойи собиқ корхонаи муштараки Зарафшон як сол боз ба кор шурӯъ намудааст, гузориш додааст.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин муддат корхона тамоми қарзҳои худро соф намуда, баҳри азнавсозии техникию истеҳсолӣ корҳои зиёд анҷом додааст.
«Дар натиҷаи ин имрӯз корхона аз ҳолати бӯҳронӣ баромада, 660 ҳазор доллари амрикоӣ фоида ба даст овардааст ва мо ният дорем, дар нимсолаи дуввуми соли равон истеҳсоли тиллоро 70% бештар созем», - гуфт роҳбари корпоратсия.
«Ширкати чинии Зиҷинг Майнинг соли гузашта 75% саҳмияҳои корхонаи муштараки Зарафшонро харида, дар заминаи он корпоратсияи кӯҳӣ-саноатии Тсзитсзинро таъсис дод, - идома дод ӯ. - Барои азнавсозии техникию истеҳсолии он дар зарфи як сол беш аз 18 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ карда, аз ҷумла қариб 15 адад техникаи вазнини карйерӣ харидорӣ намудем».
Ба қавли Чэн Тсзинхэ, корпоратсияи мазкур нақша дорад, ба истихроҷи тилло,
нуқра ва мис дар Тоҷикистон беш аз 100 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ кунад.
«Ман президентро бовар кунондам, ки истихроҷи солонаи тилло баъди як сол ба
2 тонна ва то соли 2010 ба 3 тонна расонда мешавад, - изҳор дошт ӯ. - Инчунин истихроҷи нуқра ва мисс низ афзун мегардад».
Ӯ ҳамчунин иттилоъ дод, ки аз оғози кори ширкати чинӣ дар ин ҷо вазъи иҷтимоии коргарон низ хеле беҳтар гаштааст. Айни ҳол маоши миёнаи онҳо наздики 600 сомониро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин ба ҳамаи онҳо хӯроки гарм ва ҳар моҳ як халтагӣ орд дода мешавад.
Хотиррасон карда шуд, ки Ширкати чинии Зиҷинг Майнинг дар истихроҷ ва коркарди тилло ва дигар маъданҳои кӯҳӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҷойи аввал ва дар ҷаҳон дар ҷойи нӯҳум қарор дошта, ҳаҷми умумии сармояаш 3,8 миллиард ва саҳмияҳояш 1,6 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.
Аз Давлатманд Холу Раҳматилло Зоиров то Мирзо Шукурзодаву Низорамо Зарифова. Киҳо дар соли 2024 моро тарк карданд?
RSF: Соли гузашта “Толибон” 12 расонаро комилан баста, 25 рӯзноманигорро боздошт кардаанд
“Саркӯбшудаҳо сафед шаванд”. Дар Қирғизистон қонуни офиятбахшии таъқибу саркӯбшудагони замони шӯравӣ қабул шуд
Аз Хоруғ то Малдив. Хатсайрҳои ҳавоие, ки дар Тоҷикистон соли 2024 боз шуданд
Аз моҳи июн дар ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадии Русия сурат ва изи ангушти муҳоҷиронро мегиранд
Дар Туркия барои 5 кас бо гумони шарикӣ бо муттаҳамони ҳамла ба “Крокус” то 15 соли зиндон талаб карданд
Шумораи доварони тоҷик, ки бозиҳои байналмилалии футболро ҳакамӣ мекунанд, зиёд шуд
Мусодираи беш аз 1 тонна маводи нашъадор дар натиҷаи амалиёти “Кӯкнор-2024”
Футболбозони тоҷик ба Суперлигаи Ӯзбекистон мераванд: теъдоди онҳо бисёр мешавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Бунёни ошиқ”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста