Конибодом. 7-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» -
Дар нимсолаи аввал дар агентии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати шаҳри Конибодом ба таври расмӣ 492 бекорон ба қайд гирифта шуданд, ки 226 нафар ё 46%-и онҳо занон ва 221 нафар ё 45%-и онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар маҷмӯъ, шумораи бекорони сабтшуда ба 867 нафар баробар аст.
Дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» сардори агентии номбурда Анвар Маҳкамов иброз дошт, ки бо вуҷуди афзудани шумораи ҷойҳои кории холӣ ба 271 ҷой, шумораи бо кор таъминшудагон 50 нафар кам шудааст.
«Дар муддати сипаригашта тавассути ба роҳ мондани омӯзиши касбии ҷавонон, 89 нафари онҳо ба касбҳои кафшергари барқу газ, идоракунандаи ЭВМ, муҳосиб ва ғайра соҳиб гаштанд ва ҳамчунин 80 нафари онҳо ба корҳои ҷамъиятӣ оид ба ободонии шаҳр ҷалб карда шуданд», - идома дод ӯ.
Ба гуфтаи А.Маҳкамов, сабаби аслии боқӣ мондани ҷойҳои кории холӣ дар маоши ночизи он аст ва ин ба он оварда мерасонад, ки аксари аҳолӣ ба хориҷи кишвар сафар мекунанд. «Масалан, агар дар оғози соли равон шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ беш аз 21 ҳазор (бо аҳолии умумии беш аз 176 ҳазор нафар) нафарро ташкил медод, пас дар аввали моҳи июн ин рақам ба 4 ҳазор афзуда, 25 ҳазору 375 нафарро ташкил додааст, ки 6 ҳазор нафари онҳо занон мебошанд», - афзуд сарчашма.
Ҷалби нерӯҳои СААД ба қазияи Украина то куҷо воқеӣ аст ва ин ба кишварҳои аъзояш чӣ паёмад дорад?
Рустами Эмомалӣ дигарбора аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб шуд. Боз киҳо аъзои палатаи болои парлумон шуданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2025
Як сол баъд аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом. Чанд кас куштаву чанд нафар боздошт шуд ва тафтишот ба куҷо расидааст?
“Тамошобинон моро бо фараҳу хушнудӣ пазируфтанд”. Ҳунарнамоии балети тоҷик дар саҳнаи бузурги Порис
Парвозҳои мунтазам байни Хуҷанду Қошғар дубора барқарор мешавад
Харобиҳои сел дар натиҷаи борони рӯзи гузашта
Бидуни патент, вале хатарнок. Дар минтақаҳои азхудкардаи Русия муҳоҷирон метавонанд бе патент кор кунанд
Кайя Каллас: Таҳримҳо алайҳи Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ зарар мерасонанд
Баъди 28 соли дарду ранҷ. Чӣ хел Умриузоқ Абдураҳмонов аз маъюбӣ наҷот ёфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста