Хуҷанд. 7-уми июл. ОИ «Аия-Плюс» - Бо мақсади густариши ҳамкориҳои тиҷоратии Тоҷикистону Русия қарор шудааст, дар вилояти Суғд Қабулгоҳи ҷамъиятии Намояндагии савдои Русия дар ҶТ ифтитоҳ гардад. Намояндаи ваколатдори он Азимбой Азизов таъин шудааст.
Аз консулгарии кулли Русия дар Хуҷанд хабар доданд, ки намояндаи ваколатдор муносиботи ҳамкории мутақобилаи доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Русияро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ба соҳибкорони рус дар интихоби шарикон дар Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард.
«Ҳамчунин ӯ ба афзоиши мубодилаи мол миёни кишварҳо, рушди минбаъдаи ҳамкориҳои минтақавии Русияву Тоҷикистон ва амалисозии лоиҳааҳои байниминтақавии сармоягузории давлатҳо низ мусоидат хоҳад кард», - идома доданд дар консулгарӣ. - Барпо сохтан ва ба роҳ мондани фаъолияти корхонаҳои муштарак, таъмини бозорҳои Тоҷикистон бо моли Русия, интиқоли маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба минтақаҳои Русия ва пешниҳоди хизматрасониҳои машваративу иттилоотӣ ба соҳибкорони ҳарду кишвар низ аз вазифаҳои афзалиятноки намояндаи масъул шуморида мешаванд».
Сарчашма инчунин зикр кард, ки дар робита ба омодагии баргузории Форуми саввуми байнипарлумонии «Тоҷикистон-Русия: имконоти ҳамкории байниминтақавӣ» ба намояндаи ваколатдор супориш дода мешавад, ки дар кори ҳамоҳангсозии он аз ҷониби Русия ба гурӯҳи тадорукот ёрӣ расонад.
Ҷалби нерӯҳои СААД ба қазияи Украина то куҷо воқеӣ аст ва ин ба кишварҳои аъзояш чӣ паёмад дорад?
Рустами Эмомалӣ дигарбора аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб шуд. Боз киҳо аъзои палатаи болои парлумон шуданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2025
Як сол баъд аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом. Чанд кас куштаву чанд нафар боздошт шуд ва тафтишот ба куҷо расидааст?
“Тамошобинон моро бо фараҳу хушнудӣ пазируфтанд”. Ҳунарнамоии балети тоҷик дар саҳнаи бузурги Порис
Парвозҳои мунтазам байни Хуҷанду Қошғар дубора барқарор мешавад
Харобиҳои сел дар натиҷаи борони рӯзи гузашта
Бидуни патент, вале хатарнок. Дар минтақаҳои азхудкардаи Русия муҳоҷирон метавонанд бе патент кор кунанд
Кайя Каллас: Таҳримҳо алайҳи Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ зарар мерасонанд
Баъди 28 соли дарду ранҷ. Чӣ хел Умриузоқ Абдураҳмонов аз маъюбӣ наҷот ёфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста