Баҳром Маннонов
Душанбе. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Ҳайати Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи (ҶСП) «Зарубежнефтегаз» таҳти сарварии мудири кулл Валерий Гулев ҳафтаи гузашта бо мақомоти роҳбарии як қатор вазорату муасссисоти ҶТ мулоқот доир сохт.
Сухангӯи ҶСП «Зарубежнефтегаз» Иван Гоголев хабар дод, ки зимни мулоқот бо вазири энергетика ва саноати ҶТ Шералӣ Гул масоили татбиқи Созишнома оид ба нуктаҳои асосии баргузории корҳои иктишофиву ҷустуҷӯии майдонҳои нафту гази Тоҷикистон баррасӣ шуданд.
Тибқи иттилои манбаъ, В.Гулев вазирро бо нақшаҳои ояндаи ширкат ҷиҳати азхудкунии конҳои Ренган ва Саргазон шинос намуд.
«То охири соли равон сафарбаркунии техника ва ҳайати корӣ барои иҷрои корҳои иктишофӣ ва пармакунӣ оғоз мегардад ва интизор меравад, ки баҳори соли оянда ширкат ба корҳои асосӣ дар майдонҳо шурӯъ мекунад», - изҳор дошт ӯ.
«Мо ният дорем техникаву таҷҳизотеро истифода барем, ки то ҳол дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ истифода нагардида буд», - гуфт В.Гулев.
«Бо сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати ҶТ Азими Иброҳим ҷиҳатҳои амалии иҷрои корҳои иктишофӣ ва ҷустуҷӯӣ муҳокима шуданд», - гуфт И.Гоголев. - Мудири кулли ҶСП «Зарубежнефтегаз» ба мақомоти роҳбарии «Тоҷикгеология» изҳор дошт, ки ширкат омода аст, баҳри ташкили гузаронидани корҳои иктишофии сарватҳои зеризаминӣ бо сифати баланд ва дар муддати кӯтоҳтарин чораҳои зарурӣ андешад».
Ба гуфтаи сарчашма, ҳангоми вохӯрии ҳайат бо фармондеҳи пойгоҳи низомии 201-уми Русия генерал-майор Алексей Завизон масъалаи имкони ҳамкориҳо дар доири ташаббусҳои ширкати «Газпром» дар соҳаи иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамкории Тоҷикистону Русия дар соҳаи нафту газ
тибқи созишномаи байниҳукуматии соли 2003 «Дар бораи ҳамкории стратегӣ дар соҳаи нафту газ» ва Ёддошти соли 2006 дар бораи таъсиси корхонаи муштараки Русия ва Тоҷикистон танзим мегардад.
Моҳи декабри соли 2006 ба «Газпром» ҷиҳати баргузории корҳои геологии омӯзишӣ дар минтақаҳои нафту гази Саргазон ва Ренгон, ки захираҳои он мутаносибан 30 ва 35 млрд. метри мураббаъ пешгӯӣ мешаванд, иҷозатнома дода шуда буд.
Мутасаддии лоиҳаҳои «Газпром» дар ҶТ ҶСП «Зарубежнефтегаз» мебошад, ки моҳи апрели соли 2007 ба баргузории корҳои геологии иктишофӣ дар минтақаҳои номбурда пеш аз мӯҳлат – қабл аз таъсиси КМ шурӯъ кардааст.
Қобили зикр аст, ки тайи панҷ соли наздик «Газпром» ният дорад, на танҳо дар минтақаҳои Саргазон (ноҳияи Данғара) ва Ренгон (водии Ҳисор), балки дар минтақаҳои Сариқамиш (Шаҳринав) ва ғарби мавзеи Шоҳамбарӣ низ корҳои геологии иктишофӣ гузаронад.
Маълумотнома:
ҶСП «Зарубежнефтегаз» миёнаҳои соли 1998 таъсис дода шудааст. Аз оғози соли 2007 «Зарубежнефтегаз» 100% ба ҶСК «Газпром» тааллуқ дорад. «Зарубежнефтегаз» манфиатҳои «Газпром»-ро дар як қатор лоиҳаҳо оид ба иктишоф ва азхудкунии конҳои нафту газ ва бунёди иншооти саноати нафту газ дар хориҷи кишвар, дар навбати аввал, дар кишварҳои Осиёи марказӣ ва Наздик, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Африқо, Амрикои Лотинӣ ва ҳамчунин кишварҳои узви ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон роҳандозӣ мекунад.
“Агар мактаб мебуд...” Баъди марги Таронаи 9-сола дар Бӯстон мактаб сохта мешавад?
Дар Кувайт рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор шуд
Савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон рӯ ба беҳбудӣ меорад
Аввалин мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта поён ёфт
Филми ҳунарии “Дар талоши ҳақиқат”-и коргардони тоҷик дар синамоҷашнвораи байналмилалӣ ҷоиза гирифт
Дар Боздоштгоҳ ва паси дарҳои баста. Оғози мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта дар Тоҷикистон
Ҳалокати се коргар дар сохтмони НБО “Роғун”
Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи Непал бо ҳисоби 4:0
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хиёнати ҳамсари сӯфӣ”
Боздошти ду корманди Коммисариати ҳарбии Исфара бо гумони гирифтани пора
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста