Душанбе. 8-уми июл. ОИ
«
Азия-Плюс
» - Аксари аҳзоби сиёсии Тоҷикистон лоиҳаҳои алтернативии такмили Қонунҳои ҶТ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии ҶТ» ва Қонуни ҶТ «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ»-ро, ки дар чаҳорчӯбаи барномаи Бунёди байнулмилалии низомҳои интихоботӣ (IFES)
таҳти унвони «Мусоидати касбӣ дар баргузорӣ ва ислоҳоти интихобот дар ҶТ» таҳияву омода гардида буданд, дастгирӣ карданд.
Ба санадҳо намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҶТ, Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ, Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, Ҳизби Демократи Тоҷикистон, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон, Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон имзо гузоштанд.
Ҳамчунин намояндаи Ассотсиатсияи миллии сиёсатмадорони Тоҷикистон низ лоиҳаҳоро имзо кард.
Дар маросими ба имзо расидани ҳуҷҷатҳо намояндагони ваколатдори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби аграрии Тоҷикистон ҳузур надоштанд.
Интизор меравад, ки лоиҳаҳои алтернативии мазкур моҳи октябр расман ба парлумон равона карда мешаванд. Рӯзҳои наздик нусхаҳои лоиҳаҳоро ният доранд, ба Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ низ ирсол кунанд.
Ёдрас мекунем, ки лоиҳаҳо дар муддати як моҳ аз ҷониби гурӯҳи махсуси кории ҳизбҳои расман амалкунандаи ҶТ бо дастгирии IFES таҳия гашта буданд.
Ҷалби нерӯҳои СААД ба қазияи Украина то куҷо воқеӣ аст ва ин ба кишварҳои аъзояш чӣ паёмад дорад?
Рустами Эмомалӣ дигарбора аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб шуд. Боз киҳо аъзои палатаи болои парлумон шуданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2025
Як сол баъд аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом. Чанд кас куштаву чанд нафар боздошт шуд ва тафтишот ба куҷо расидааст?
“Тамошобинон моро бо фараҳу хушнудӣ пазируфтанд”. Ҳунарнамоии балети тоҷик дар саҳнаи бузурги Порис
Парвозҳои мунтазам байни Хуҷанду Қошғар дубора барқарор мешавад
Харобиҳои сел дар натиҷаи борони рӯзи гузашта
Бидуни патент, вале хатарнок. Дар минтақаҳои азхудкардаи Русия муҳоҷирон метавонанд бе патент кор кунанд
Кайя Каллас: Таҳримҳо алайҳи Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ зарар мерасонанд
Баъди 28 соли дарду ранҷ. Чӣ хел Умриузоқ Абдураҳмонов аз маъюбӣ наҷот ёфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста