Душанбе. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Бонки Миллии Тоҷикистон (БМТ) соли ҷорӣ маротибаи дуввум меъёри бозтамвилро барои бонкҳои сатҳи дуввум паст кард.
Ба ОИ «Азия-Плюс» аз БМТ хабар доданд, ки меъёр то 14% паст карда шудааст. Маротибаи нахустин бонк меъёри бозтамвилро моҳи апрели соли ҷорӣ ба андозаи 1,25% - аз 16% то 14,75% кам карда буд. Ин нишондиҳанда то 3-уми июл нигоҳ дошта шуд.
Мувофиқи маълумоти БМТ, меъёри бозтамвил яке аз воситаҳои амалисозии сиёсати монетарӣ ба ҳисоб меравад. Таҳти мафҳуми меъёри бозтамвил сатҳи фоизе дар назар аст, ки тибқи он БМТ ба бонкҳои сатҳи дуввум қарз пешниҳод месозад.
«Бар асоси пешниҳоди Кумитаи БМТ оид ба сиёсати монетарӣ Раёсати бонк роҷеъ ба тағйири меъёри бозтамвил қарор қабул мекунад. Ҳадаф аз кори кумита ҳамоҳангсозии амалисозии сиёсати монетарӣ ва фискалӣ барои идораи самараноки қатъпазирии якборагӣ аст. Меъёри бозтамвил дар ин ҳолат нақши нишондиҳандаи сиёсати қарзии бонкҳоро иҷро карда, ба меъёрҳои фоизҳои депозитҳо ва қарзҳо дар бозори арз таъсир мерасонад», - изҳор дошт манбаъ.
Тибқи иттилои манбаъ, баланд бардоштани меъёри бозтамвил аз шадид гаштани сиёсати монетарӣ шаҳодат дода, аслан барои боздоштани суръати афзоиши таваррум истифода мегардад. Паст кардани меъёри бозтамвил ба фаъол гаштани фаъолияти қарздиҳии бонкҳо мусоидат менамояд.
Аз рӯи маълумоти БМТ, меъёри баландтарини бозтамвил аз 6 то 12 октябри соли 2003 ва меъёри пасттарини он аз 1 то 12 декабри ҳамон сол муқаррар гардида буд.
Ҷалби нерӯҳои СААД ба қазияи Украина то куҷо воқеӣ аст ва ин ба кишварҳои аъзояш чӣ паёмад дорад?
Рустами Эмомалӣ дигарбора аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб шуд. Боз киҳо аъзои палатаи болои парлумон шуданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2025
Як сол баъд аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом. Чанд кас куштаву чанд нафар боздошт шуд ва тафтишот ба куҷо расидааст?
“Тамошобинон моро бо фараҳу хушнудӣ пазируфтанд”. Ҳунарнамоии балети тоҷик дар саҳнаи бузурги Порис
Парвозҳои мунтазам байни Хуҷанду Қошғар дубора барқарор мешавад
Харобиҳои сел дар натиҷаи борони рӯзи гузашта
Бидуни патент, вале хатарнок. Дар минтақаҳои азхудкардаи Русия муҳоҷирон метавонанд бе патент кор кунанд
Кайя Каллас: Таҳримҳо алайҳи Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ зарар мерасонанд
Баъди 28 соли дарду ранҷ. Чӣ хел Умриузоқ Абдураҳмонов аз маъюбӣ наҷот ёфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста