Душанбе. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар пойтахт оид ба таъмири асосии қисмати ғарбии роҳи мошингарди кӯчаи Н.Қаробоев (аз хиёбони Саъдии Шерозӣ то бурриши кӯчаи Ҷомӣ) ва сохтмони роҳи мошингард аз кӯчаи Камонгарон (Заводская) то назди бинои Воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилии ҶТ тендер баргузор мешавад.
Сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, ки мутобиқи қарори раиси пойтахт корҳои таъмир дар асоси ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва харҷномавӣ бо хулосаҳои ташхиси Агентии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати ҶТ иҷро мегарданд.
Бино ба иттилои манбаъ, мири шаҳр бобати ташкили комиссияи тендерӣ барои интихоби пудратчии асосии иҷрои корҳои сохтмонӣ ва ба зиммаи ин комиссия вогузор гардидани дар мӯҳлатҳои пешбинишуда омода сохтани санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ва ҷамъбасти тендер супориш додааст.
«Сарраёсати ободонии пойтахт чун фармоишгар вазифадор карда шудааст, ки бо риояи талабот ҳуҷҷатҳои заруриро барои гузаронидани тендер омода ва ба комисссияи тендерӣ пешниҳод намояд», - афзуд Ш.Саидов.
Ҷалби нерӯҳои СААД ба қазияи Украина то куҷо воқеӣ аст ва ин ба кишварҳои аъзояш чӣ паёмад дорад?
Рустами Эмомалӣ дигарбора аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб шуд. Боз киҳо аъзои палатаи болои парлумон шуданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2025
Як сол баъд аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом. Чанд кас куштаву чанд нафар боздошт шуд ва тафтишот ба куҷо расидааст?
“Тамошобинон моро бо фараҳу хушнудӣ пазируфтанд”. Ҳунарнамоии балети тоҷик дар саҳнаи бузурги Порис
Парвозҳои мунтазам байни Хуҷанду Қошғар дубора барқарор мешавад
Харобиҳои сел дар натиҷаи борони рӯзи гузашта
Бидуни патент, вале хатарнок. Дар минтақаҳои азхудкардаи Русия муҳоҷирон метавонанд бе патент кор кунанд
Кайя Каллас: Таҳримҳо алайҳи Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ зарар мерасонанд
Баъди 28 соли дарду ранҷ. Чӣ хел Умриузоқ Абдураҳмонов аз маъюбӣ наҷот ёфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста