Душанбе. 9-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар Душанбе маросими муаррифии тарзи бақайдгирии беморон ва баҳисобгирии хизматрасонии тиббӣ бо истифода аз рамзи шартии ягона зимни расонидани кӯмаки тиббии махфӣ ба беморон баргузор мешавад.
Ассистенти барномаи «Тандурустии ҷамъиятӣ» Бахтиёр Тӯраев хабар дод, ки маросими муаррифӣ аз тарафи гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ дар доираи Барномаи
USAID
оид ба коҳиши талабот ба маводи мухаддир дар Ӯзбекситон, Тоҷикистон ва минтақаи водии Фарғонаи Қирғизистон, ки Институти «Ҷомеаи кушод»-и Бунёди Мусоидат - Тоҷикистон амалӣ месозад, созмон дода шудааст.
«Рамзи шартии ягона аз ҳуруф ва рақамҳо иборат буда, фардӣ ва беназир аст, зеро дигарон имкон надоранд ба кӣ тааллуқ доштани онро муайян намоянд», - гуфт Б.Тӯраев.
Ба қавли ӯ, чунин тарзи кор бо гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ чун нашъамандон ва беморони ВИЧ/СПИД хеле таъсирбахш аст.
«Низоми истифодаи рамзи шартии ягонаи хизматрасонии тиббӣ дар вилояти Суғд мавриди амал қарор дода шуда буд ва самараи хуб овард, - идома дод Б.Тӯраев. - Аз ин рӯ, Вазорати тандурустии ҶТ пешниҳод сохт, ки чунин низоми хизматрасонӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ ҷорӣ карда шавад».
Интизор меравад, ки дар маросими муаррифӣ намояндагони Вазорати тандурурустӣ, Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ, Вазорати меҳнат ва ҳифзи аҳолии ҶТ, Маркази ҷумҳуриявии омори тиббӣ, Маркази тарзи ҳаёти солим, Маркази ҷумҳуриявии табобати бемориҳои нашъамандӣ, Маркази мубориза бар зидди бемории ВИЧ/СПИД, созмонҳои ғайриҳукуматии маҳаллӣ ва байнулмилалӣ иштирок хоҳанд кард.
Ҷалби нерӯҳои СААД ба қазияи Украина то куҷо воқеӣ аст ва ин ба кишварҳои аъзояш чӣ паёмад дорад?
Рустами Эмомалӣ дигарбора аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб шуд. Боз киҳо аъзои палатаи болои парлумон шуданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2025
Як сол баъд аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом. Чанд кас куштаву чанд нафар боздошт шуд ва тафтишот ба куҷо расидааст?
“Тамошобинон моро бо фараҳу хушнудӣ пазируфтанд”. Ҳунарнамоии балети тоҷик дар саҳнаи бузурги Порис
Парвозҳои мунтазам байни Хуҷанду Қошғар дубора барқарор мешавад
Харобиҳои сел дар натиҷаи борони рӯзи гузашта
Бидуни патент, вале хатарнок. Дар минтақаҳои азхудкардаи Русия муҳоҷирон метавонанд бе патент кор кунанд
Кайя Каллас: Таҳримҳо алайҳи Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ зарар мерасонанд
Баъди 28 соли дарду ранҷ. Чӣ хел Умриузоқ Абдураҳмонов аз маъюбӣ наҷот ёфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста