Душанбе. 9-уи июл. ОИ «Азия-Плюс» - Афзоиши даромад ва сатҳи баланди таҷдиди иқтидорҳои истеҳсолӣ дар се соли ахир аз он шаҳодат медиҳанд, ки Корхонаи воҳиди давлатии ширкати алюминии Тоҷикистон (КВД «Талко») ба марҳилаи тозаи рушд ворид гардидааст.
Сухангӯи КВД «Талко» Саёҳат Қодирова иттилоъ медиҳад, ки танҳо дар шаш моҳи соли равон густариши муносиботи иқтисодӣ ва тиҷоратии хориҷӣ ба афзоиши муомилоти молии корхона боис гаштааст. Дар ин давра нишондиҳандаи мазкур $829,7 миллионро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи $45,2 млн. зиёдтар аст. «Дар шаш моҳи соли равон аз рӯи муомилоти тиҷоратии хориҷӣ ба андозаи $319,8 млн. бақия ҳосил шудааст, ки нишондиҳандаи беҳтарин дар ҷумҳурӣ мебошад», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи С.Қодирова, вазифаҳои корхона дар марҳилаи аввал аз рушди заминаи энергетикӣ ва захиравӣ аз ҳисоби мавриди истифода қарор додани Маркази барқу гармидиҳии Ёвон (то ин давра $15 млн. харҷ шудааст), бунёди корхонаҳои нави истеҳсоли криолит ва алюминии фторӣ ва кашфу коркарди конҳои худии гилхок ва ангиштсанг дар Тоҷикистон иборатанд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар корхона раванди таҷдид идома дорад. Аз ҷумла, се трансформатор аз Чин харидорӣ шуда, моҳи май ба корхона борбардори нави иқтидори борбардориаш 10 тонна оварда шуд ва инчунин дар семоҳаи саввуми соли равон харидории борбардори иқтидори борбардории 16 тонна ба нақша гирифта шудааст.
Айни замон бобати таъмини озмоишгоҳи корхона бо таҷҳизоти замонавӣ ба маблағи $1 млн. гуфтушунид идома дорад. Нақшаи хароҷоти имсола $12-15 миллионро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда соли гузашта ба ҳудуди
$
8 миллион баробар буд.
Тайи се соли ахир ба бахши менеҷменти корхона муяссар гашт, ки нишондиҳандаҳои истеҳсолиро ба андозаи 50% зиёд кунад. Дар маҷмӯъ, КВД «Талко» ба корҳои таъмиру барқарорсозӣ ва таҷдиди корхона ҳудуди $100 млн. хароҷот кардааст, ки ин бори нахуст аст.
Ҷалби нерӯҳои СААД ба қазияи Украина то куҷо воқеӣ аст ва ин ба кишварҳои аъзояш чӣ паёмад дорад?
Рустами Эмомалӣ дигарбора аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб шуд. Боз киҳо аъзои палатаи болои парлумон шуданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2025
Як сол баъд аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом. Чанд кас куштаву чанд нафар боздошт шуд ва тафтишот ба куҷо расидааст?
“Тамошобинон моро бо фараҳу хушнудӣ пазируфтанд”. Ҳунарнамоии балети тоҷик дар саҳнаи бузурги Порис
Парвозҳои мунтазам байни Хуҷанду Қошғар дубора барқарор мешавад
Харобиҳои сел дар натиҷаи борони рӯзи гузашта
Бидуни патент, вале хатарнок. Дар минтақаҳои азхудкардаи Русия муҳоҷирон метавонанд бе патент кор кунанд
Кайя Каллас: Таҳримҳо алайҳи Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ зарар мерасонанд
Баъди 28 соли дарду ранҷ. Чӣ хел Умриузоқ Абдураҳмонов аз маъюбӣ наҷот ёфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста