Хуҷанд. 9-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Коргарони корхонаи маъдантозакунии Адрасмон (КМТ) ба иллати аз фаъолият бозмондани корхона ва напардохтани музди меҳнат бо хоҳиши худ аз кор рафта истодаанд.
Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «КМТ Адрасмон» Барот Каримов мегӯяд, ки оғози сол дар корхона 564 нафар кор мекарданд, имрӯз дар рӯйхат 455 нафар мондаанд.
«Коргарони кон ҳар моҳ ба ҳисоби миёна то 1200 сомонӣ маош мегирифтанд», - гуфт директор ва афзуд, ки бо сабаби норасоии барқ корхона аз фаъолият бозмондааст.
«Айни замон саҳмиядорон оид ба барқарор сохтани фаъолияти корхона қарор қабул карданд ва ҷудо кардани маблағҳо оғоз гардид, - гуфт Б.Каримов - Дар навбати аввал 48 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо гардид, ки бо он қарзҳои андозро пардохтем ва феълан боз ҷудо гардидани 156 ҳазор доллари марикоиро интизорем, ки қисме аз он барои пардохти музди меҳнат истифода хоҳад шуд».
Мавсуф изҳор дошт, ки корхона ҳамеша ба воситаҳои молиявӣ ниёз дорад, зеро ин ҷо истеҳсолоти муттасил амал мекунад. Ҷаноби Б.Каримов афзуд, ки ҳафтаи оянда ҷиҳати муайян намудани фаъолияти минбаъдаи корхона ва ҳалли масоили таъхирнопазир ташрифи раиси нави раёсати Ҷамъияти саҳомии «Конимансур» Нурлан Алимбетовро интизоранд.
Ҷалби нерӯҳои СААД ба қазияи Украина то куҷо воқеӣ аст ва ин ба кишварҳои аъзояш чӣ паёмад дорад?
Рустами Эмомалӣ дигарбора аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб шуд. Боз киҳо аъзои палатаи болои парлумон шуданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2025
Як сол баъд аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом. Чанд кас куштаву чанд нафар боздошт шуд ва тафтишот ба куҷо расидааст?
“Тамошобинон моро бо фараҳу хушнудӣ пазируфтанд”. Ҳунарнамоии балети тоҷик дар саҳнаи бузурги Порис
Парвозҳои мунтазам байни Хуҷанду Қошғар дубора барқарор мешавад
Харобиҳои сел дар натиҷаи борони рӯзи гузашта
Бидуни патент, вале хатарнок. Дар минтақаҳои азхудкардаи Русия муҳоҷирон метавонанд бе патент кор кунанд
Кайя Каллас: Таҳримҳо алайҳи Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ зарар мерасонанд
Баъди 28 соли дарду ранҷ. Чӣ хел Умриузоқ Абдураҳмонов аз маъюбӣ наҷот ёфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста