Душанбе. 9-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Бонки рушди Осиё (БРО) ҷиҳати харидории тухмии ғалладона ба миқдори 1 ҳазор тонна ният дорад, ба Вазорати кишоварзии ҶТ ба маблағи $1,2 млн. қарзи бебозгашт ихтисос диҳад.
Сухангӯи вазорат Нарзулло Додобоев иттилоъ дод, ки масъалаи номбурда зимни дидори вазири кишоварзии ҶТ Қосим Қосимов бо сариқтисодчии БРО Рабиҳ Маттар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ба гуфтаи ӯ, чанде қабл мутахассисони вазорат дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байнулмилалӣ оид ба ҳаҷми хисороти расида ба соҳаи кишоварзӣ таҳқиқот гузаронида, муайян карданд, ки он ба 320 млн. сомонӣ баробар аст.
«Зимни мулоқот қайд гардид, ки аз ҳама бештар зироатҳои ғалладонаи тирамоҳӣ зарар дидаанд, ки маблағи он 70 млн. сомониро ташкил медиҳад», - гуфт сухангӯи вазорат.
Н.Додобоев изҳор дошт, ки дар оянда баррасии пешниҳоди вазорат бобати ҷудо кардани беш аз $400 млн. ҷиҳати таъминот бо тухмии ғалладонаи тирамоҳӣ, техника ва татбиқи барномаи рушди зерсохтори бахши кишоварзӣ дар назар аст.
«Вазорат ният дорад, бо ин маблағ аз Русия тухмии гандуми навъи краснодариро, ки ҳосилнокиаш ба 40 сентнер баробар аст, харидорӣ намояд», - зикр кард Н.Додобоев ва афзуд, ки ба ҷумҳурӣ барои кишти тирамоҳӣ 50 ҳазор тонна тухмии ғалладона зарур аст.
Ҷалби нерӯҳои СААД ба қазияи Украина то куҷо воқеӣ аст ва ин ба кишварҳои аъзояш чӣ паёмад дорад?
Рустами Эмомалӣ дигарбора аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб шуд. Боз киҳо аъзои палатаи болои парлумон шуданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2025
Як сол баъд аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом. Чанд кас куштаву чанд нафар боздошт шуд ва тафтишот ба куҷо расидааст?
“Тамошобинон моро бо фараҳу хушнудӣ пазируфтанд”. Ҳунарнамоии балети тоҷик дар саҳнаи бузурги Порис
Парвозҳои мунтазам байни Хуҷанду Қошғар дубора барқарор мешавад
Харобиҳои сел дар натиҷаи борони рӯзи гузашта
Бидуни патент, вале хатарнок. Дар минтақаҳои азхудкардаи Русия муҳоҷирон метавонанд бе патент кор кунанд
Кайя Каллас: Таҳримҳо алайҳи Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ зарар мерасонанд
Баъди 28 соли дарду ранҷ. Чӣ хел Умриузоқ Абдураҳмонов аз маъюбӣ наҷот ёфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста