Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - «Аз 34 вилояти кишвар дар 22 вилояти Афғонистон кишти маводи мухаддир комилан барҳам дода шуд», - изҳор дошт вазири корҳои дохилии Афғонистон Зарораҳмад Муқбил, ки бо боздиди корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад.
Ба гуфтаи ӯ, айни замон истеҳсоли маводи мухаддир дар Афғонистон ба маротиб поин рафта, «дар вилоятҳои ҳаммарзи Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон кишти он умуман ба назар намерасад».
Дар ҳамин ҳол, мувофиқи маълумоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ
дар муддати шаш моҳи соли ҷорӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҶТ аз гардиши ғайриқонунӣ 3,5 тонна маводи мухаддирро мусодира кардаанд, ки асосан аз Афғонистон интиқол дода мешавад. Мувофиқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, соли 2007 93 дарсади бозори қочоқи маводи мухаддир ба Афғонистон рост меомад.
Дар навбати худ вазири корҳои хориҷии ҶТ Маҳмадназар Солеҳов ба рӯзноманигорон хабар дод, ки миёни вазоратҳо Ёддошти ҳамкориҳои муштараки мубориза бар зидди терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории трансмиллӣ ба имзо расидааст.
Ҷаноби З.Муқбил ҳамчунин изҳор дошт, ки чанде қабл парлумони кишвараш нақшаи хурӯҷи нерӯҳои эътилофи зиддитеррористиро аз шаҳри Кобул маъқул шуморидааст, зеро ба назари ӯ, аксари амалҳои террористӣ маҳз дар пойтахт рух дода, муқобили нерӯҳои эътилоф равона гардидаанд.
Дар шарҳи амали террористии ахир дар Кобул вазири кишвари ҳамсоя чунин ақида изҳор намуд, ки он кори дасти терррористоне аст, ки дар хориҷи кишвар омода мегарданд. «Ашхосе, ки даст ба амалҳои террористӣ мезананд, на дар қаламрави Афғонистон, балки дар хориҷи кишвар омӯзионида мешаванд», - афзуд З.Муқбил.
Ҷалби нерӯҳои СААД ба қазияи Украина то куҷо воқеӣ аст ва ин ба кишварҳои аъзояш чӣ паёмад дорад?
Рустами Эмомалӣ дигарбора аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб шуд. Боз киҳо аъзои палатаи болои парлумон шуданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2025
Як сол баъд аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом. Чанд кас куштаву чанд нафар боздошт шуд ва тафтишот ба куҷо расидааст?
“Тамошобинон моро бо фараҳу хушнудӣ пазируфтанд”. Ҳунарнамоии балети тоҷик дар саҳнаи бузурги Порис
Парвозҳои мунтазам байни Хуҷанду Қошғар дубора барқарор мешавад
Харобиҳои сел дар натиҷаи борони рӯзи гузашта
Бидуни патент, вале хатарнок. Дар минтақаҳои азхудкардаи Русия муҳоҷирон метавонанд бе патент кор кунанд
Кайя Каллас: Таҳримҳо алайҳи Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ зарар мерасонанд
Баъди 28 соли дарду ранҷ. Чӣ хел Умриузоқ Абдураҳмонов аз маъюбӣ наҷот ёфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста